МУАЛЛИМИ САХТГИР

Баҳром Фирўз. Муаллими сахтгир. Маҷмўаи ҳикояҳо
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 119 саҳифа
ТУХМИ НЕКӢ МЕПОШИД...
Дар зиндагӣ ҳар кас ба қадри ҳиммату тавоноӣ аз паи кореву касбе меравад ва бо часпу талоши зиёде рўзҳоро ба шаб, шабҳоро ба саҳар мебарад. Яке дар ғами имрўз асту маишату истироҳат ва фароғати лаҳзаинаи худро аз ҳама чиз боло мегузорад ва маънии зиндагиро ҳам дар хўрдану хуфтан мебинад. Дигаре заҳмат мекашад, шабҳоро бедор рўз мекунад, бо умеди осоиши ҳамзамонону ҳамдиёронаш кору пайкор дорад.
Аҳли эҷод дунёи дигаре доранд. Онҳо паёмбари фардоянд.
Дирўзро ба имрўз ва имрўзро ба оянда мепайванданд, ки бадин васила номи эҷодкор ҳам абадият пайдо мекунад.
Баҳром Фирўз – адиби маъруфи тоҷик чун шоири умедбахш вориди адабиёт гардида, дар муддати кўтоҳ дар байни хонандагон бо ашъори хубу марғубаш маҳбубият пайдо кард.
Ду китоби шеърҳоро ба табъ расонд, ки “Розҳои маҳтобшаб”-аш чун роздори дилдодагон даст ба даст мегашту “Силсила”-аш ҳамчун силсиладори гузаштаву оянда, ҳалқаи пайванди аҷдодон ва авлодон саршори меҳру вафо ва сидқу сафо буданд.
Ў дар ашъораш кўҳистону оби равон, сабзаи навхези кўҳсорону гулу хори онро васф мекард ва аз он ифтихор дошт, ки кўҳҳо гаҳвораю аввалин ҷавлонгоҳ, ибтидои роҳи умру зиндагиаш мебошанд:
Кўҳҳо – гаҳвораи ман, аввалин ҷавлонгаҳам,
Аз ҳамин ҷо роҳи умри зиндагӣ сар кардаам.
Аз ҳамин ҷо бори аввал чашми ҳайрат дўхта,
Ман ба паҳноии олам низ бовар кардаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё