Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа
Баъди ин боз дар сиёҳнависҳоям, ки аслан онҳо дилнависанд, чанд шеъраки дигар навиштам. Ҳама барг-барг аз дарахти ихлоси ман ба Латофати азизанд, аммо имрўз дар рафти навиштани ин шаддаи хотираҳо боз дарёфтам, ки дар бораи муаллима чизе нагуфтааму дили бузург ва ҳушу хиради зотиашро кашф накардаам.
Аммо ба ҳар нағмаву созам, сўзу гудозам, рўи ниёзам сўи шеър аст:
Дар решаи ҷонам об ҳастед,
Аз қавми гулу гулоб ҳастед.
Оғози сафою рўшаноӣ,
Аз миллати офтоб ҳастед.
Сарчашмаи худшиносии ман,
Сарманшаи инқилоб ҳастед.
Бо дасти кушоду чеҳраи боз
Самбули хуши китоб ҳастед.
Ку одамӣ гуфта дил фишурдам,
Бар пурсиши ман ҷавоб ҳастед.
То боз шавад дари камолам,
Дар кўраи изтироб ҳастед.
Некии шумост бешумора,
Бо зиндагӣ дар ҳисоб ҳастед.
Дорандаи медалу нишон на,
Дорандаи сад савоб ҳастед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё