Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

АВВАЛИН
МЕҲРНОМА

Аввалин меҳрномаро соли 2015 навишта будам бо номи «Муноҷоти Сабрин». Бисёр андешидам, ки миннатдории шогирдона ва фархунда аз фарзанди ў буданамро ба муаллима чӣ гуна изҳор намоям. Пас аз фикри дароз рўи ниёз овардам ба шеър, аммо баъдтар, дар баробари шукўҳу озодагии ин Инсони бузург шеърамро ҳақиртар дидан гирифтам ва борҳо дигаргунаш кардам. Ҳар қадар дигаргунаш кардам, ҳамон қадар бамазмунаш кардам, аммо рангў рўи парида буд варо. Чаро?
Зеро инсонҳое чун Латофат ҳамеша муаммо ва ҳамеша кони муҳаббату муруввати кашфношудаанд. Меҷўиву боз дурри дигаре, алмоси дигареро бо ҷилои чашмрабову дилрабо меёбӣ. Инак, он меҳрнома бо таҳриру такмилҳо:

Хомўшии мавзуни маро боз нагиред,
Хушнудии маҳзуни маро боз нагиред.
Дар сарҳади рўъёи ман андеша биварзед,
Танҳоии Маҷнуни маро боз нагиред.
Ин лолаи огандаи хун аз гили ман руст,
Монии дили хуни маро боз нагиред.
Сад ранг ба маъно задаму шева танидам,
Садрангии мазмуни маро боз нагиред.
«Садбарги ҳаё» чидаам аз «Хилвати гесў»,
Дилмуҳраи гулгуни маро боз нагиред.
Дарёб дили сурхи маро аз шафақи субҳ,
Гулкоғази конуни маро боз нагиред.
Монанди ҳама нестаму шуд гунаҳ инам,
Дунёи дигаргуни маро боз нагиред!

пешина
аз 29
навбатӣ