Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Рагу решаам ба садо омада, навмедона мехурўшид: дар чунин муҳит дер ё зуд хоҳӣ мурд! Дар вуҷудам раъшаҳои яъс чира мешуданд. Воқеан ҳам, ба як устод, раҳнамо, ғамхор ва меҳрубоне, ки ҷои модарам бошад ё ҷои ягон азизи дигар бошад, ниёз доштам, ниёзи шадид. Дар симои ҳама чунин инсони ба дил наздикро меҷустам…
Дар чунин раванди мураккаби омўхташавӣ ба хунсардиву бепарвоӣ ва шитобкории шаҳриён ягона ҳамрозу ҳамнишин хомаву дафтарам буданд. Аммо «меҳрубонӣ»-и коғазу қалам дер давом намекарду боз дилгир мешудам. Дар ниҳоят монанди офтобе, ки баъди зимистони тўлониву сард ногаҳон тулўъ мекунад, дар ҳаётам муаллимаи азизам, меҳрубону ғамхораи якумраам Латофат Кенҷаева ҳузур пайдо кард. Муаллима бо нафасҳои гарми хуршедӣ барфу яхи ноумедиро об кардаву дили моро, ки ба масал гули сияҳгўшро мемонд, ба шукуфтан ҳидоят намуд. Борони латофаташ агар набуд, шукуфтану дамидан набуд. Бад-ин умед навиштаам:
Озодагии чаман зи туст, эй борон,
Холи лаби настаран зи туст, эй борон.
Дар чил-чили ту накҳати атри чинист,
Нозидани ёсуман зи туст, эй борон.
Бар қомати бепираҳани долу дарахт
Гулдўзию пираҳан зи туст, эй борон.
Аз замзамаат ишқ ҳувайдо мешуд,
Бесабрии марду зан зи туст, эй борон.
Аз нав ба сараш хаёли Лайлӣ рафтаст,
Маҷнунии беди ман зи туст, эй борон.
То ту набудӣ, об наомад бар ҷўй,
Хуни дили Кўҳкан зи туст, эй борон.

пешина
аз 29
навбатӣ