Зеҳн
Латофати борон

Ин китоби хотирот ба 70-умин баҳори рўзгори адиби маъруф, журналист ва тарҷумони корозмуда Латофат Кенҷаева бахшида мешавад. Қиссаҳои ибратбахши маҷмўа ба масал марвориди ихлосу сипоси муаллифанд. Ҳувайдост, ки устод ва роҳнамо дар роҳи эҷод ва зиндагӣ нақши басе ҳумоюн дорад.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 29 саҳифа

Қисса

БОРОНИ МАНӢ, БА ҶОНИ МАН МЕРЕЗӢ!

Ин бонуи диловару соҳибирода, ки ба ман дар дунёи пурэъҷози адабиёт модар шудааст, Латофат аст. Латофате, ки миллаташ ба миллати борон рафта мерасад.
Ў меҳру муҳаббат, донишу хирад ва ҷуду сахояшро бо шеваи нозанини боронӣ меборад. Намепурсад, ки ин ҷо хонаи кист, ин дашти ободест ё биёбон, ин гулшан аст ё шўразор? Аз ин замин гиёҳе мешавад дурудан ё не… Чунин андешаҳо ба ў бегона аст. Ба қавли маъруфи Мавлоно:
Борон, ки шудӣ, мапурс ин хонаи кист?
Сақфи ҳараму масҷиду майхона якест,
Борон, ки шудӣ, пиёлаҳоро нашмор,
Ҷому қадаҳу косаю паймона якест…
Дар табъи боронии Латофат хилофе нест.

Агар дар ҷое шўра рўиду хор, ҷурми ҷавҳари хоки замини ўст, на таъсири борон. Саъдии бузургвор ҳам бад-ин мазмун фармуда:
Борон, ки дар латофати табъаш хилоф нест,
Дар боғ лола рўяду дар шўразор хас.

Борон боз як фалсафа ҳам дорад. Ин дар гардиши ўст. Аввал чу борон аз абр чакад, чашмаву рўду кўлу уқёнус шавад, бо иттифоқи Офтоб бухор гардад, раҳ сўи фалак паймояд ва боз абр шавад ва боз борад ба замин. Яъне борон гум намешавад. Гўё ин нидо нидои қатрае аз боронҳост:
Мо зи болоему боло меравем,
Мо зи дарёему дарё меравем!

Агар ў ба ҷони ташнаи ман намеборид, чашмаи умеду боварамро боронаш шодоб намекард, дар гирудору кашмакашҳои бетараҳҳуми зиндагӣ, дар оташи гумроҳии ҷавониву ҷунун кайҳо ҷонам хушк мешуд, месўхт ва аз ман пайкаре берўҳ мемонд. Ҷоне, ки аз маърифат тиҳист, на шеър пояду на завқ, на ишқ донаду на шавқ:
Дар хотири ман шеъру сухан мерезӣ,
Дар тинати ман файзи чаман мерезӣ.
Монанди садаф бидуни ту холиям,
Борони манӣ, ба ҷони ман мерезӣ.

Вақте соли 2010 бори аввал ба шаҳри
Душанбе омадам, на танҳо одамшинос набудам, балки одитарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳро намедонистам, ба чароғак камтар сарфаҳм мерафтам ва аз ронандаҳои шитобкору бадқаҳри шаҳр ҳамеша суханҳои пасту баланд мешунидам.
Бо вуҷуди бисёрии одамҳо, мошинҳо, сару садоҳо ва ғалоғулаи шабонарўзии шаҳр худро тани танҳо ҳис мекардам. Гўё устод Рўдакӣ ба гўшам мегуфт:
Бо сад ҳазор кас танҳоӣ,
Бе сад ҳазор кас танҳоӣ.

аз 29
навбатӣ