Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар пуф-пуфи хокистари ғайр ашк ниҳода.
Гўянд ки «Озоданажодем ба гавҳар»,
Бинӣ тарафи санги сияҳ кўз фитода.
«Сад ҷон биканӣ санги сияҳ лаъл нагардад»,
Ҳофиз на ба беҳуда дар ин нукта ситода.
Гар санги сияҳ лаъл шавад аз ҷигари туст,
Ин меҳр Бадахшон зи дили Меҳр кушода.
Сад роҳнамо дод Худо сўи худ, аммо,
Роҳе назад аз зулмати худ ланги ирода.
Бар «мўъҷиза»-и лофи куҳан боз даҳанҳо,
Дар мўъҷизаи илми замон кўр бизода.
Хезед занон, гавҳари Симурғ биҷўед,
К-ин регдилон гавҳара бар рег бидода.


Дили мурда зинда кардӣ ту бигў ҷавоби ўро,
Ба гуноҳи нав кашидӣ, бинамо савоби ўро.
Ба даҳони хумби ҷўшон задӣ пўкаи тафаккур,
Ба даме парад чу пунба, зи чӣ баста тоби ўро?
Чӣ паямбарон, ки монда ба гили хаташ ба ҳайрат,
Ба чӣ ҳарф карда будӣ ту ниҳон китоби ўро.
Ингилис зи нутфаи илм одам офаридааст чун ту.
Ту нигоҳи дин нашўӣ, ки шинос ноби ўро?
Гаҳ хўрад фиреби хобе, гаҳе тарсад аз шиҳобе,
Чу шиҳоб сўзад умраш, чӣ савоб оби ўро.
Ба гадоии ту зикраш, чу лаҷан тафида фикраш,
Магар ин ки танка бошам гузарам хароби ўро.


Аз паси Наврўз давад шўи барф,
Оташи Зартушт кушо сўи барф.
Мижжа набандӣ ба шалоқи сафед,
Зарбаи пириву пари қуи барф.
Бўсаи Наврўз замин кард нарм,
Хўрд ба гил пири суманмўи барф.
Сандалии ишқи ту доман кушод,

пешина
аз 186
навбатӣ