Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Гиряи сабз кард мисли малак…
Қадами сабзи ишқ бурдам дўш
Мани гандумнигоҳи сабзгумон,
Дари сабзат дуруди сабзам дод,
Дили сабзат кашид сурхзабон…
Равам аз валвала дарёшунавӣ,
Ки зи рўёндани дил ҳарф занад.
Як вуҷуди ҳаматан кўҳназудояст равон
Ба куҳаншўии худ тозагии ман битанад.
Равам аз ҳамҳама дарёшунавӣ,
Ҷуз ба рўёндани олам накунад андеша.
Тани ў сард, вале гармии барқаш дар ҷон,
Гўиё дар ҷигари нур кушояд реша.
Равам аз дамдама дарёшунавӣ
Ки дилам замзама резад ба дили руди рубоб.
То дамад аз кафи як гул ба дилат бўйи табассум
Дили ман об шавад, роҳ кашад то дили об…
Равам аз ҳалҳала дарёшунавӣ…
Ман ба тори нозии хуршед
Оҳанге аз нозат задам.
Дар хаёли бозии хуршед
Садрангии розат задам.
Сар-сари барги дили ёдат,
Андешаи борон кашол.
Ду ҷаҳон руст аз гили ёдат,
Кай монда аз рўиш савол?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё