Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Рўзгори Ҷоҳилият
Шаби шаққи дурўғини моҳ
Аз шамшери Муҳаммад гурез хўрд,
Ва дар чашмони мо паноҳ бурд.
Аз осмон барфи субҳи дурўғ борид,
Аз Замин нафаси шаби ростин рўид.
Вақт соати интизор намедонист,
Шабро чун мўза пўшид.
Ва сўйи субҳи ростин давид
Чи лолаҳо, ки поймол мешуданд.
Вале
Мебоист ба субҳи ростин расид.
Дар дави ҷустуҷў
То раҳгум назанад
Пардаи тирезаи сияҳпўшро кашидам,
Ва хонаам аз пайи вақт
Як тиреза нур пошид…
Ту Заминӣ, ту Заминӣ, ту Заминӣ,
Дили ман ақрабаки зилзиласанҷат,
Тарсам аз зилзилаҳоест, ки рўзе
Ақрабак дар қафаси шиша нағунҷад.
Пуштаи майсаи болои нигоҳат,
То нашуд ярч ба дарёи нигоҳат,
То сари боми дилат кафтари шодӣ
Ба пари боли лабат пар накушодӣ,
Ғайри ман дар ҳама дунёи сабуктоз,
Кас надонист, туро зилзилаҳоест.
Боварат нест? Бипурс аз гули гулдон,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё