Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Гул, ки даҳане хандад, умри чу мане хандад,
Розаш гули бедона, мо низ яке ин ҷо.
Эй дили болотар аз динам,
Бо Худо ҳамрою ойинам,
Ин заминиҳо чи дин зоданд,
Кинакаш бо ҷони бекинам.
Одам аз одам, ки барчиданд,
Бо гили чанде чаро шинам.
Дасти хидмат шуд саропо об,
То шавад аз гил гунаҳчинам,
По баровард аз ҳама тан об,
То гурезад аз ману кинам.
Бо хамўшӣ гуфтугў дорам,
Бехгўшӣ гуфтугў дорам.
Аз Замин то Осмон паҳн аст,
Бо чӣ гўше гуфтугў дорам.
Ин Замин як гардиши ҷомаш
Даври ҳуше гуфтугў дорам.
Бо даҳангўше чи ҷои гап,
Пардапўшӣ гуфтугў дорам.
Ҳам азалзо, ҳам абад, ҳам ҳол,
Бо анўше гуфтугў дорам.
Дўст ҷўӣ дўст танҳо ўст,
Бо хамўшӣ гуфтугў дорам.
Эй чашми ҷаҳон равшан аз дидаи биноят,
Ҳусни ду ҷаҳон соя аз сояи зебоят.
Тифл аст ба пеши ту ҳар марди ҷаҳонгире,
Сарҳои ҷаҳонгирон афтода паси поят.
Ҷонҳои равон бинам, ҷон дар дили ҷон бинам,
Дар ҷони ҷаҳон бинам, эй ҷони замон ҷоят.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё