Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Боз ҳам Ориёни Фирдавсист.
Надиҳад зиндагӣ насиҳати каҷ,
Дар даҳонаш забони Фирдавсист.
На замин пешпо хўрад на замон,
То асояш равони Фирдавсист.
Зари рўён нарехт ҷуз хуршед,
Чун нагўӣ даҳони Фирдавсист.
Осмон остон намебўсад,
Бар сараш осмони Фирдавсист.
Дидаи ҳар кас ошёни касест,
Чашми ман ошёни Фирдавсист.
БА 675-СОЛАГИИ ХОҶА КАМОЛИ ХУҶАНДӢ
Камоли ҷамоли ҳалоли сухан,
Зи Симурғ хўрда зулоли сухан
Ба ҷон ҳақ, ба сар халқу дар дил Ватан,
Таҷаллисарои ҷалоли сухан.
Чу хас болҳо сўзад аз нору бин,
Ки хуршед шишта ба боли сухан.
Аноҳити маънӣ, ки дарёфта,
Лабашро макида ба холи сухан.
Пас аз ту зи чашми қалам мерамад,
Ғазалҳо мисоли ғизоли сухан.
Зи Золи тафаккур магар бева монд,
Назояд Таҳам пиразоли сухан.
Сафолак забон баст бе оби фикр,
Ба дашти даҳан бин сафоли сухан,
Ба чочи забон ҳам қаламфур заданд,
Фиғон мекашад тифли оли сухан.
БА РЎҲИ ШОДИ УСТОД ЛОИҚ
Бубин, зиндагонӣ куҷо меравад,
Чи зоидаи мо зи мо меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё