Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қади замон аз қади ҳизбҳо як аср баланд омад,
Ва қади ҳизбҳо аз қади сабаби мансаб як аср поён.
Намози муллоҳо аз Худо як осмон дур афтод
Ва ба хони мардум аз раги гардани хон наздиктар.


Дар гардани муҳаббат кам нест хуни олам
Эй ақли офаранда, дар ишқ бўи нав рез.


Мабрази мағзаш зи мабраз гандатар,
Туф-туфаш аз мабрази кў бешумар.
Бўи он мабраз равад гар даҳ қадам,
Аз тафи мағзаш халосиҷў адам.


Ишқе, ки хулосаи ҷаҳон аст,
Дар дидаи осмон ниҳон аст.


Ту содатар аз офтобӣ,
Ва гармтар аз ишқ,
Ман рў ба рўи ту
Ҳайронтар аз шабнам,
Ки дар лаби гул
Бўсаи гул аз ёд бурдааст.


Аз Шимолу аз Ҷануби рўи ту
Гирди лабҳоят асалшир омада,
Аз Ҷанубу Шарқу Ғарби ишқи ман
Корвони лаб асалгир омада.


Андешаҳои сабзаро гав хўрду мурғ чид,
Шабнам шикоя карду замину фалак шунид,
Хомўш лаб газид.


Дар ҷомаҳои мардӣ ҳай ноз мефурўшам,
Чун нест дониши тар овоз мефурўшам.


Мо пайи мардум чу гандум омадем,
Не пайи дашноми мардум омадем.


Ашк чӣ бар моли ҷаҳон мекунӣ,
Ҳасрати дандони даҳон мекунӣ.


Он бўсаҳои обии сабзи баҳор рафт,
Ин бўсаҳои лалмии пири хазон расид,
Аз барфрези сар дили ман ноумед нест,
Чун донаҳо ба пуштаҳои кулаҳсафед.


Пўшидатар зи ақлу ҷўшидатар зи ишқем,
Моро куҷо биёбад бегоназои фитрат.


Фитнаро дарси адаб додани дил ҳайф бувад,
Ин падарсўхтаро гўши гуҳар кар бошад.


Чун асалхонаи занбўри лабам шуд даҳанат,
Неши дандони ҳавас канд баёзи суханат.


пешина
аз 186
навбатӣ