Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ҳазор авбош афтода қабулаш,
Ба як шоир дусад туршии нўлаш.
Сад ғалат дар пеши чашмам ҷилваноз,
Ман хатоҷўйи дусад соли маҷоз.
Ҷаҳон хони Симурғ омад маро,
Ки ҳамҷони Симурғ омад маро.
Дар навори чашми ман дўзах бубинад ҳусни ту,
Мегазад ангушти оташ пеши пои сабри ман.
Дўшизаи афсонаҳо будӣ,
Нутфаи андеша дар батни мағзи ту рехтам,
Ба ҷои зебоии саломи офариниш
Деви сиёҳи кина зоидӣ
Афсўси гавҳари падарӣ гуфтам...
Шишаат ҷоми диламро нўшид,
Гул саҳар шабнами мастӣ бардошт.
Шеър бод шуд,
Хонанда бодхон
Тафсир бодпарак...
Хезоби ҳодиса ба фалак дакка мезанад
Гирдобвор мо ба яке по ситодаем.
Якподавӣ омўхт қалам бўсаи ҳарфат,
Тай-тайзани тифли лаби ман қанди лабат буд...
Шаҳрҳо курк шуданд,
Курки онҳо накушод ашки равони модар.
Ба сари тухми тафаккур бинишонед саҳар...
Дидам лабатро рашкам фурў мурд,
Дандон шикастам дар ҷоми лола.
Миллате саг хўрда заҳмат мекашад аз баҳри умр,
Миллати ман лошаи саг шуд барои умри саг.
Гуле ки барои бўсаи хуршед лаб кушод
Аз бўсаи ту армон шикаст.
Ҷуз шаби Ялдо намепурсид дил,
Аз дили мо камнамотар будаӣ.
Ту мерафтиву хуршеди шафақпўш аз замин мехест,
Бад-он шарме, чаро мисли замин дар зери поят нест!
Ҷумла олам зиндаву ширин ба рўҳ,
Лек одам аз ғами тан дар сутўҳ.
Одамшиканӣ хандабарангез ҷаҳонро,
Аз бутшиканӣ хашми ҷаҳонхез замонро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё