Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Худоят зинда зода то ҷаҳонро зиндатар дорӣ,
Ҷаҳонро то кунад зиндон заифӣ аз ту зиндон сохт.


Як раҳ назода худро сад қаҳрамон бизоянд,
Шояд ба хешзойӣ з-ин раҳ даре кушоянд.


Ба барфи раҳ билағзӣ зуд хезӣ,
Ба барфи сар билағзӣ дуд хезӣ.


Чи рустамҳо, ки пушту шонаҳошон,
Зи бори нози як зан варшикаста.


Дар домани гул духтари бўяш ба чи нозест,
Хунмасту майи дил ба даҳан, ҷома намозист.


Зебоии ту омад ҳамқадди покии тифл,
Ширинии нигоҳат чун қанди лафзи кўдак.


Дармондагони Ҳофиз оред рў ба мо низ,
Зардуштро бихонад Исо намози аввал.


Намози мурда хонӣ гар дусад сол,
Нагирад ҷойи як оҳи сари ҳол.


Дар ҷавонӣ зад ба гардун боди сар умри маро,
Рўзи пирӣ то ба гўри тар барад боди шикам.


Балхиён чун нурафрўзӣ кунанд,
Олами шабпўшро рўзе кунанд.


Ҷаҳон ҷўгиву бар ҷўгӣ бихандад,
Чӣ ҷўгие Худоро дида ҷўгӣ.


Чи сангин хешзоӣ дар ҷаҳолат,
Ки шамшер оварад пайғамбараш низ.


Ту аз мулки ҳимоят дар ҳимоят,
Ман аз дори ривоят дар ривоят.


Сарҳо ба сарқонун давон,
Поҳо ба поқонун равон.


Гуфт Буддо: – «Ту сари хеш сари дори Худо хор макун!»
Мағзи худ мо ба дили тобаи рег афкандем.


Ҳар киро бардоштам бар сар замингирам намуд,
Дўстони ман ҳама чун бодаи сахт омада.


Бар хеш чӣ гирйӣ зи бурун бо лаби сад кин,
Дар хеш даро, бо ду ҷаҳон ханда бароӣ.


Дар диле, ки ишқ бозоре накард,
Зиндагӣ бехуд мазоре меканад.


пешина
аз 186
навбатӣ