Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Эй зи фурўғ мурдаву мурда кашида бо дурўғ,
Мурдаи ту намешавад пилтачароғи як фурўғ.
Ақлам заду дил, ҷигар кашидам,
Ғоратшудагон чӣ тўҳфа оранд?!
Бин, ки бесўён чи тансў медаванд,
Аз ҳама сўҳо даҳансў медаванд.
Хуни имрўз дар соҳати Иттифоқ рехта Дар набзи Замин ба ҳайрат садо мезанад:
– Гўё 70 сол на иттифоқи инсонҳо, Иттифоқи шайтонҳо буда.
Ҷосуси худу ғуломи ҷосуси касон,
Бифрўхт Ватан ба дуллару бўси касон.
Ту лаб бар гап кушо ман бўса бар лаб
Чу лаб бар лаб расад дунё шавад хап.
Ангушти ҳайрат мегазам чун гул сари гулзорҳо
Ангушти хунини Худо дар чанги мушти хорҳо.
Биҳишти ишқ дар дилҳо кушоданд,
Калидаш бўсаи лабҳо ниҳоданд.
Дўш ба дўш мебаранд фалсафаҳои мурдаро,
Ишқ куҷо шунида буд мурдаи зиндахўрдаро.
Лабаш хандид чун чоки гиребон,
Забон дил зад, ки урёнтар зи оҳам.
Ҳангомаам ба хок на ҳамгомаи ман аст,
Ободии Замин ба фалак номаи ман аст.
Ҷавоне ба чанор мегуфт:
– Хулосаи замин туйӣ Хулосаи таърих манам.
Духтаре ба гул мегуфт:
– Хулосаи зебойӣ туйӣ, Хулосаи ишқ манам.
Нур ба борон гуфт:
Хулосаҳоро бирўён, Ки бўйи пажмурдан надиҳад.
Ману авбош бародарем
Ва ҳарду урёнгарем:
Ман дунёро пеши ақл урён мекунам,
Ў ақлро пеши дунё.
Ба якрўӣ ҳар ду ғалатварем…
Замин яке китобхонаи ишқ аст,
Дар китобхона сўҳбат ба чашму абрў беҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё