Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ин ҳама ғавғойи Замину Замон,
Нест ба ҷуз ғиж-ғижи як чархи чарх.
Ногоҳ Замин таркаду резад чу нафас,
Бар гўши фалак нест ба ҷуз ғинги магас.
Чу хуршедхўӣ биёмўзамат,
Бубояд чу хуршед ҳам сўзамат.
Маҳбаси сад тарс ба дил зодаам,
Рўшании умр зи каф додаам.
Ношиноси хубии зан зан занад,
Хештанро бадтар аз душман занад.
Ҳазорон сол шуд, ки аз дари хун,
Худамро мекашам аз хеш берун.
Ҳар шаб маро маҳ мехўрад, хуршед мезояд саҳар,
Ноҳақ замини ширдеҳ манхори худ пиндоштам.
То чун даҳони гардун шуд бесухан даҳонам,
Мисли ситора мардум аз ман гурез доранд.
Ман ба се бурҷи накўӣ тохтам,
Дар бади шаш бурҷ худро бохтам.
Ин худотарсони дўзахрўйи халқ,
Аз таассуб зода дўзах сўйи халқ.
То чу афғон мондайӣ зиндони ҳис,
Кай Худоро дидайӣ дар ҷони ҳис.
Баски чун нур дарахте шудаам сар ба фалак,
Дўстони хасакӣ рехта чун тути хасак.
Ҳеҷ кас чун мо нашуд ғозии дин,
Дигарон динбозу мо бозии дин.
Дар биёбони сари хеш гумам,
Лаби дарёи дили худ ғарқа.
Камоли маърифат дунёпазир аст,
Ки ҳам поёну ҳам болопазир аст.
Кунанд одоби қаҳба суннати ом,
Вале одоби навҷўӣ таҳи гом.
Фарзанди бузурги офтобам,
Ин ҷой думомаде битобам.
Кай шиносӣ нав набинӣ кўҳнагии хешро
Кай чу гул аз чашм чинӣ кўҳнагии хешро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё