Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дигарон ҷосуси мо, мо низ ҷосуси худем,
То куҷо беҳудасўзи ҷони номуси худем.


Замин ҳам нусхабардори фалакҳост,
Чи гулҳо офтобу моҳсимост.


Мебарам бори замину осмон,
Боргар гўяд, ки кам бардоштам.


Бигардонед занҳоро ба занҳо,
Ки шояд мардҳои мард зоянд.


Ҷаҳон хундори худ монад ҳамеша,
Зи худхорӣ гирифта реша пеша.


Дар мағзи хок дидӣ пўсидани тамаддун,
Аз мағзи хеш бифкан пўсидаи таассуб.


То пайи инкори худӣ зистам,
Ҷуз ба худӣ душмани ҷон нестам.


Меҳр! – гуфтам ба ҷаҳон, Ҷаҳл! – ҷавобам доданд,
Гўиё ман ҳама дил, халқи ҷаҳон буд сарам.


Ҳарфи ноби зиндаи дил чун бадар шуд аз лабам
Мефитад чун мурдаи садсола дар тобути гўш.


Бар хеш саҷда орам гўянд номусулмон,
Бар ғайр саҷда орам гўянд марди имон.


Зи расми мурдаи даврони кўҳна,
Сари ман шуд мазористони кўҳна.


Чашми кўру танги дунёношинос,
Пора-пора кард дунё чун палос.


Замин аз ишқ меҷўшад чу гулхан,
Нигар бар шўълазори боғу гулшан.


Чашми шаҳват ҳар чи омад бозтар
Кори ҳис омад ба дунё созтар.


Мезанад болову поён чархи маст,
Ишқ дар ҳангомахезии худ аст.


Ман таҷрибанодидаи як умри дарозам,
Пистонмаки пандам, ки ба гаҳвораи бозам.


Ҳайрати дин бозгашт аз остон,
Ҳайрати ман бишканад ҳафт осмон.


Дидему гузаштем ҷаҳонро сари роҳӣ,
Хушбўтар аз ў ғайри ҷавонӣ гули тар нест.


пешина
аз 186
навбатӣ