Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чун Замини кўдакистон пур шуд аз тифлони пир,
Кўдаки ояндаро гў: – Навбати оянда гир.


Аз мағалҳои гарони кўдакони мўсафед,
Кўдаки гаҳвораи оянда меларзад чу бед.


Тарси ту дўзахкушое зери по
Шаҳватат фирдавсзое дар само.


Гар даҳон гардад саросар осмон,
Кай биғунҷад ростӣ дар он даҳон.


Мурдаҳои зиндахўр афзуду афзун зиндаҳои мурдахўр,
Ин заминро метавон гуфтан сарои мурдахўр.


Зиндазори дил агар бо чашми мурда бингарам,
Аз биҳишти зиндаи худ сўйи дўзах мепарам.


Ба зиндони паямбарҳо чунон хобидаанд афзун,
Ки модарзода кўр оянд олимҳояшон берун.


Мурдадилҳо зиндагиро баски дўзах дидаанд,
Мурдаи худро чу дўзах сар-сари раҳ чидаанд.


Тафаккур чун ба зиндони маҳал мурд,
Бигў: – Дар мабраз ин кирми касал мурд.


Дил бар маҳали хеш фишонад рўбоҳ,
Мурғ аз маҳали дигар кашонад рўбоҳ.


Ҳар ду олам шуд ба яктан ростӣ,
Аз даруни ростӣ бархостӣ.


Ҷаҳон дар ман асту ман андар ҷаҳон,
Ҷаҳон дам ба дам нав, чаро ман куҳан?


Гули зиндагонӣ бибўву бирав
Гуле то бибўяд гуле шав зи нав.


Чашми нози нигаҳи имрўзӣ,
Чанд бо хоки куҳан месўзӣ.


Таассуб чун бубинад чеҳраи нав,
Ки буда кўри модарзоди якрав?


Аз нафарҳои бузург омад сафарҳои бузург,
Зинахун кай мебарад то зинафарҳои бузург.


Бо гул урёни дарунобод зӣ,
Чун Замину Осмон озод зӣ.


Ба сайёразоӣ фалак чид гард,
Пайи зодани ман Замин чид дард.


пешина
аз 186
навбатӣ