Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гуфта будам, ки шавам шаҳрию як шаҳри тафаккур,
Шаҳр аз пунбазиёӣ, нигарам, саҳроест.
Мезанам боз каланди қалами деҳқонӣ,
Вақти об аст ба мағз, оби сафо пайдо нест.


Панҷа бар ожанги рў молид,
Гўри ҳусни мурдаро нолид.


Аз ҷисми ту то ишқи ту роҳи сафедам мебарад,
Наврўзи нурам мекашад, рўъёи идам мебарад.


Хубон чи зиёданд, вале шуллазада,
Бадхў чи каме, лек аҷаб шўълазада.


Бишкуфад то хуни ранги зиндагӣ,
Гул бирўёнам зи санги зиндагӣ.


Зи бешавҳарӣ ҷонаш оташ гирифт,
Ки бо ҳар кӣ дар хона буд, ғаш гирифт.


Одам шудани маймун афсонамиҷоз омад,
Маймун шудани одам дар дида фароз омад.


Танаш аз дил, дилаш аз тан бинозад,
Кӣ дида зан зи ҳусни зан бинозад.


Оби дунё лой шуд,
Моҳиён дигар куҷо?
Ҳам наҳангон кўр монда,
Эй Аноҳид,
Шустушўи обро чашме кушо…


Ишқҳо дорам зи дунёи дурўғ,
Рост мегирад аз ин гулхан фурўғ.


Гуфтам:
– Дидӣ, ки аз ҷўши шавқ гул шукуфт.
Гуфт:
– Надидӣ, ки як даҳан хандид Ва бо як ханда хазонро ба доман чид.
Гуфтам:
– Кадом хор начид?


Хамўшӣ на даҳан дорад на шикам,
Вале ҳамаро бо ғавғоҳошон фурў мебарад.
Ва на мебинияш, на мешунавияш.


Ҳар сол
Танҳоӣ ва хомўшии дарахтҳо
Мева мешаванд,
Ва дарси сўфӣ медиҳанд.


Гулҳо
Хандаи поки худро
Танҳо ба тифлон тўҳфа меоранд.

пешина
аз 186
навбатӣ