Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мо миллати ихтиёри бодем,
Бо иллати ихтиёри бодем.
Ҳар бодзане, ки домане зад,
Чун бод ба ҷони худ фитодем.


Ман гаравидаи дини гулам,
Ки аз бўи намозаш
Димоғам мешукуфад,
Ва аз шукуфтани дасти дуояш,
Дилам.


Эй худои орзуҳои биҳишт
Пойи озодӣ бибўс.
Пойи озодӣ, ки бўсидан нашуд,
Ҷойи озодӣ бибўс.
Ғуломи озодӣ будан оё озодист?


Чи солҳост, ки хуршед мегўяд:
– Зиндагӣ нур аст!
Замин мепазираду он чи бар ўст,
Ба ҷуз одам, ки тарс аз зулмати худ хўрда.


Ҳар ниҳоли ширин,
Аз андешаи ту рўида,
Ҳар талхмевае
Аз ёваҳои ман.


Зиндагӣ сахт, ки шуд нарм даро,
Каме аз хорасанги шарм баро.
Бағали ёр агар ки сард шавад,
Бағали Хоҷа Обигарм даро.


Агар бар хеш меоӣ паямбар боз мезоӣ,
Чи ҷойи ҷони пайғамбар Худо аз худ бадар оӣ,
Ҷаҳон сўйи ту метозад, ки тозии замон созад,
Ту чун бар хеш метозӣ чу тозии ҷаҳонхое.
Сари озодиӣ аммо ғуломиро чаро поӣ
Аё момои озодӣ чаро ту банда мезоӣ?


Ҳангосзанист гар нишони ислом,
Хар аз ту баландтар занад ҳангос,
Нолидан агар нишони ирфон аст
Беш аз ту басе магас занад ғингос.


Ҳадиси худшиносӣ халқсўз аст,
Чу сўфии ту бо ту дар ту Зиндон.
Чу зарпечак ғамат береша аз дил,
Вале шодӣ чу гул мехезад аз ҷон.


Пойи ман афтодаи доми сарам,
Доми сар вомондаи хоми сарам.
Дасти дил бишкаст сад зиндони сард
Дил наметонад шикаст оми сарам.


«Зи хурдон хато в-аз бузургон ато»,
Бигуфтанду дорам дар ин гап гумон;
Набахшид боре ҷаҳони бузург
Хатои мани зарраи содаҷон.

пешина
аз 186
навбатӣ