Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
То яке аз худ напурсанд:
Фалсафаи мурда кадому зинда кадом?
Қасри Ваҳдат мениҳодам ман зи ҳарфи хуни дил
Талҳакеро аз тамошояш забон хориду гуфт:
Ҳарфҳоро мағз берун резу сарҳошон бичин,
Аз манори каллаи Темур нахондӣ дарси муфт?
Мағзи сарҳоро кашиду чид аз сарҳо манор
То бубинад ваҳдати сарҳо дар ин дунёи зуфт.
Эй ту, Наврўз,
Эй ту, Наврўзи куҳансўз,
Аз дами мои ватансўз
Шуда номи ту даҳансўз...
Эй ту Наврўз, эй ту Наврўз,
Ин чи рўест қалампўст!
Ёдам ояд зи фалонзоди фалон
Дар замонҳои замон,
Чу буриданд яке дасти варо
Бо дигар даст
Хуни худро ба рухи худ бишакид,
То нагўяд душман
Гаҳи мурдан зи рухаш ранг парид...
Эй ту, Наврўз,
Ин туӣ ё ватани мост бад-ин рўз?!
Эй ту, Наврўз,
Эй ту, Наврўзи куҳансўз, Аз дами мои ватансўз Шуда номи ту даҳансўз.
1993
РАҚҚОСА
Эй нози ту ноз дар дили рақс,
В-эй нози ту роз дар дили рақс,
Аз нози ту нозанин шавад дил,
Дилбозтар аз замин шавад дил.
Ай субҳи дамида рўйи саҳна,
Чун субҳ рамида рўйи саҳна.
Дар саҳни наво навогурезӣ
Тан рехта чун наво бихезӣ.
Оҳанг зи ту ба ҷилва ояд
Бо ҷисми ту дар ҷигар дарояд.
Пири моҳигири дарё,
Бастаи занҷири дарё,
Зўри тўраш бурда моҳиҳойи дарё,
Чида гулсанге ба зери пойи дарё,
Зўри шасташро чу хуни дасти шасташ,,
Мак зада аз роҳи набзи шасти дасташ
Обсабз оварда дарё,
То лаби во бурда дарё…
Моҳиеро мекашад бо зўр
Кай расад зўраш кунун то зўр
Зиндагӣ афканда андар тўри ожангаш,
Дода банди тўр моҳиро пайи чангаш...
ТАРОНАИ МАНИЖА
Ту ҳамсари баҳорӣ,
Ман ҳамсари зимистон.
Болини ту Гули Ноз,
Болини ман зи тўфон.
Нози наво ҳавохез,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё