Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рози ҳаво навохез.

Овози ту шунида
Хуршед аз лаби гул,
Резад мисоли шабнам,
Дар пои гул шаби гул,

Оби наво ба мастӣ
Тоби наво ба ҳастӣ

Аз гул ба гул рабоӣ
Овози осмонӣ,
Бо бўйи гул кушоӣ,
Парвози осмонӣ.

Нўши навои гўшам,
Ҳуши навои гўшам.

БАРОИ НИГОРА ХОЛОВА

Нони ҳунар расо шавад,
Хони ҳунар расо шавад.
Решакушо ҳунар шавад,
Ҷони ҳунар расо шавад.

Дидаи гул расо шавад,
Чашми расо Худо шавад.
Хушҳунари ҷаҳон ҳама,
Хеши азизи мо шавад.

Ҳар кӣ ҳунаркушо шуда,
Ҳусни Худо баҳо шуда,
Холасаро Нигора бин,
Холаҳаки Зиё шуда.
ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ:

Гуфтам: Эй кўҳ, авҷи зина-зинахезит аз куҷост?
Гуфт: – Пурс оҳанги сўфихези Давлатманди Хол.

БАРОИ ИСКАНДАРИ ХАТЛОНӢ:

Умри шабпаймойи миллат машъали дигар наёфт;
Хуни фарзандон раҳи ўро чароғон кардааст.

БАРОИ ГУЛРУХСОРИ САФӢ:

Духтаре, ки ду фаришта дар ду китфаш буд,
Орзуи паркашии халқи лутфаш буд.

Дар паноҳи сабзаву гул
Як саҳар хуршедро дар ашки шабнам дид.
Сурати шабнам дили сўйи замин хам дид,
Дил ба дўши шабнам афканд,
Шамнаму хуршед ҷар шуд.

Войи дил! – гуфту ба доман шабнами дил чид,
Не каме дил чид;
Сўйи мардум рафт бо як домани дил,
То шиносад халқ аз ў ҷону тани дил.

Лек мардум дид доман, дил надид,
Даст бар доман заду аз дил рамид.
Домане дил зери поҳо пош хўрд,
Бас даҳан дилро мисоли ош хўрд.
Пойи бас лағжид рўйи дил, ба пушт,
Ройи бас лағжид рўйи дил, ба пушт.

пешина
аз 186
навбатӣ