Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сухан, ки рў ба офтоб пар мезад
Пиёда шуд,
Ва лучи модарзод ба кўча баромад...
Мисоли чашми бесурма
На мода буданаш пайдо буд, на нар,
Ва батни нигоҳаш
На аз меҳр обастан мешуд, на аз ғазаб...

Осмон,
Бо сулфаҳои гунг бар сараш
Парча-парча дуди хонаҳоро мешикаст.
Нофҳо калобаи гушнагиро ба пояш мебаст.

Аз кўчаҳо ба ҷои хандаи сафеди даҳанҳо,
Хандаи сурхи баданҳо мешорид.
Ва ба дўшаш қаҳ-қаҳаи қарқи гиребонҳо мерехт.
Ва попўшҳо хаёли аз по гурехтан мекарданд,
Ба хандаҳои сиёҳ.
Пойҳо бо дандони ангуштон
Роҳҳоро мегазиданд
Ва сангҳоро мисли ғўлинг мехоиданд...

Чашме ба сўи рост фиканд
Ватанро аз по пўст меканданд...
Ба сўи чап чашми ҳайрат дўхт,
Дар занбўрхонаи1 адаб
Рўдакиро6 аз ҷониби сар пўст меканданд.
«Чанд мисқоли расадашон лаҳмаш?
Гўшти гав қимату Рўдакӣ арзон..»2

Ва сухан
Нигоҳи ҳазине ба офтоб андохт...

1
Иттиҳоди нависандагон
Чоизаи ба номи Рўдакӣ низ дар назар аст.

пешина
аз 186
навбатӣ