Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Ва сарҳо шикам:
Нони озодиро, ки аз хамири орди устухони иродаи бародару умеди падар Ва осиёи хуни модару номуси хоҳар ва ишқи додар буд, Ишкам
Кам-кам ҳазм мекард
Ва дар се рўз ба берун меафканд, Ба ҷойи нойи мағзи зиндагизойи биҳиштӣ, Табли шиками ғафси ғуломии дўзах садо мезад.
Дар кўчаи хазонзадаи бекаси Виҷдон, Ҳуштаки шамоли зулмати авбош саялон мерафт.
Ва рўдаи найи маърифат дар охири ин кўча Дароз афтода буд
Ва боди хазони умед бар лаби вай Ба сўйи дини нахустини мо ки «Наёзурдани ҷон» буд, «Муноҷот» медамид,
Ватан зери навойи ў
Дарун-дарун мегирист
Ва намедонист киро дар сина парвардааст!
Ҷонро аз бўҳрони муҳаббат кӣ мераҳонад?
Бе «Маъбади муҳаббати Ватан» Ватан чӣ Ватан аст?
Ва хоки сабзае, ки рўи кафаш Шабнами муҳаббати соҳибватан намеларзад, Чӣ хок аст?
Касе мегуфт: – Одамӣ аз одамӣ холӣ ва аз гург пур мегардад!
Касе мегуфт: – Коҳилии бадтар аз гург, мешавад аз одамӣ дур!
Касе мегуфт: – Аз зиндагӣ ба биҳишт бармегардем Касе мегуфт: – Аз биҳишт ба зиндагӣ бармегардем.
Ки ҷоест барои офаридан,
На як авборидан...
1992
СОЛИ 92

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё