Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва сабзаву гули хаёл
На зери наҷвои бўсаҳои баргҳои баҳории лабҳо,

Зери тафбоди дашномҳо рўид.
Чун ғуломбачаҳо зери лагади хоҷаи бедиёнати хеш.

Дар нигоҳи булбулҳо,
Рўйи гаҳвораи ҳумонизм
Ғунчаҳо таҷовузи калоғҳо диданд.

Чун дар ҳамаи замон ва дар ҳама ҷаҳон,
Зери карнойи Инқилоби нафс
Ҷаллобҳои дину давлат
Ва халқу Ватан
Ҷумъабозори тиру туфанг бикшоданд,
Нархи ҷонҳо ду пул шуд
Ва баҳои тиру туфанг ба осмон дакка зад.
Тири бегона, камони бегона ва каси бегонаро
Ба пули халқи худу Ватани худ мехариданд,
Ва халқи худу Ватани худро ба нишон менишонданд.
Забони бозаргонии «Оташ!»
Пойи курсии Худоро мелесид,
Дилҳо бегонаи тан шуданд
Ва сарҳо бегонаи дил...
Растаҳои «Ҳазору як майда-чуйдаи таҳқир»
Аз ин сари Ватан
То он сари ватан кашида шуд.
Кўдакҳои бевапарвару зиёипарвар,
Ва беваҳову зиёиҳои навҳапарвар
Дар ин растаҳо зистанд
Ва матои бечорагиву ғарибӣ фурўхтанд
(Соҳибватан ба баҳои Ватан ғарибӣ харид).

Модари намозии ман сигору нос фурўхт,
Модари намозии ту шаробу оби ҷав.
Дилҳо сандалҳои даридаи кундаи поҳо шуданд

пешина
аз 186
навбатӣ