Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Дар тоба тоб медиҳӣ,
Фарёди таҷовузи хешро
Дубора хоҳӣ шунид.
Фарёдҳо ҷисманд...
ТАҶОВУЗИ ГАВҲАР
Саду як хоҳарам аз тарсу шитоб,
Шўйи дарёи Ватан варзида,
Вахшу Омўяву Хингу Сурхоб,
Ҳама домоди никаҳнодида.
Ҷўш зад синаи меҳри модар,
Дина бо ман ба шикоят бинишаст:
– Додару пушту паноҳи хоҳар,
Хабар овар, ки дилам мавҷ шикаст.
Тўри овози нигоҳ афкандам
Сўи хезоб зи дарёхона,
Чу париоб бадар ояндам
Хоҳарон дастфишон гирёна.
Сар гузоранд ба рўи дили ман
Ба ҳавойи нафаси боғи падар.
Ашкашон тоза бишўяд гили ман
Қум-куми дил ба суроғи модар...
Коми мавҷ об кушоиду жакон:
– Хоҳаронат сўи Симурғ шуданд, Фари пиндор расад ҷонибашон, Дари кирдор шиносад фарзанд.
То дамадшон нафаси Симурғӣ Бикри обастанашон хост Фарох1 Фари Ҷамшед наёбад фарқе?
Батни нур аст магар регсуроғ?...
Дӣ Фаридун зи худо зорӣ дошт,
Нози он духтаракони Ҷамшед.
Гавҳари тухм асари корӣ дошт,
Бачадони шаба зояд хуршед.
Духтаронанд ба зорӣ акнун,
Тухмаи гавҳарии поку гувор,
Ориё ҷуста дари нури дарун,
Батни ишон макушо роҳ ба нор...
Тахтабандии ману дарё чор,
Панҷ ғарқ аст ба чашми модар.
Нори дарёи камон шашдархор,
Мезанад дасти дуо ҳафтум дар...
Соли 1997
1 а) Номи дарёи асотирӣ, б) Дарёи Ому (Каваршон), ки фарри каёнӣ дар он пинҳон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё