Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ТАҶОВУЗИ ТАФАККУР

Ба бегуноҳии синакушоии рўиши ребос,
Ба парвози гавҳарии озодгаронаи Симурғ,
Ба покии таровиши нуронии оҳанги Ноҳид.
Ба шоҳидии ойинаи офтобу об,
Арўси андеша обастан шуд.
Ва духтари Номуси одамро бизоид.
Таҷовузи як духтар ё як зан
Таҷовузи як тан нест,
Таҷовуз ба холисӣ ва рўиши беғарази ребос,
Ба бегуноҳии тухмазоии Симурғ
Ба покии таровиши оҳанги нур аст.
Яъне, ба модархудойи дур аст.
Таҷовуз ба ояндае, ки дар ҳузур аст,
Таҷовуз ба номуси Машриқу Мағриб
Ва Шимолу Ҷануб аст.
Таҷовузи обу ойина
Ва офтоби марғуб аст.
Рўйи ту
Ё ба Машриқ аст ё ба Мағриб,
Ё ба Шимол аст ё Ҷануб,
Дар ҷигар обу дар дил ойина,
Ва бар сарат офтоб...
Таҷовузи арўси андеша
Таҷовузи растохез аст,
Ва биҳишт бар сари Чинват.
Агар бовар надорӣ
Бипурс аз рўҳи тифлоне, ки пеш аз фалакӣ шудан
Филагӣ шуданд,
Бипурс аз духтароне, ки дар бағал санг
Дар сафинаи моҳиён шиноваранд...
Пеш аз ин дарё
Рўву хўву бўи хоҳаронам дошт,
Акнун-моҳиён.
Рўзе, ки моҳиёнро

пешина
аз 186
навбатӣ