Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ғиреви инфиҷори бомбаҳои бомбабозон.
Низ меларзид оё гўрҳои бомбазоён,
Чун дили сарди шумо?!

Оре, оре,
Андаруни ҳотаи пироҳани модар
Бо дили гарме агар рустед дирўз
Модари мили камону инфиҷори бомбаҳое
Бо дили сарде шуморо зода имрўз,
Дар Фиғонистону истонҳои лабдўз,
Ки садои тираҳошон мерасад то гўши Аҳмадшоҳи
Масъуд,
Дигаронро гўши тира пур зи тири тирасўз...

Бахт ҳам андоза дорад бастаи ҳоли замонҳо, Лолаҳо дидам ятиму лолаҳо дидам шаҳид...
Эй камонзодон!
Шуморо ёртар омад саодат
Дар қиёси лолаҳое, ки ятиманд, Аз ятимоне, ки модарҳояшон гўранд дар мили камонҳо.
Лолаҳое, ки падарҳоро ниҳоданд, Андаруни гўри мағзи бомбабозон, Ҳамчунон дар мақбара.
В-ин ятимонро саодат ёртар буд, Дар қиёси лолаҳое, ки шаҳиданд, Дар дили гўри камонҳо нопадиданд...
Ин камондўшони олам не камонҳо, Гўрҳои куштаҳои хешро бар дўш доранд, Бо Худо ҳам ҷангро дар ҳуш доранд.
Бо камондўшон магир осон.
Нест осон бурдани тобути худ бар дўши дил то гўри худ...

Аз қафошон ашки сўзони ятимон
Мекунад таъқиб чун сурби ҷаҳида аз камон
То дари Кофи Анону осмон...

пешина
аз 186
навбатӣ