Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Марди гумноме, ки гандум боз5 кард.
Кай зи ақли худ ба олам ноз кард,
Коргарҳо низ беақланд, пас,
Нест чун дар хонаҳошон ҷуз нафас.
Худ зиёиҳо сутуранду халос,
Нест чун дар кисаву лаб ҷуз сипос.
Шоирону олимон ҳам астаранд,
Чунки андар ҷомаи беастаранд…
Буда кай Зардуштро ақли расо,
Дид дар нури хирад зўри Худо?
Пас маҷў Суқротро номе зи ақл.
Дар шикофи ҳақ ба пасгомӣ зи ақл,
Гирди Фирдавсӣ нагардад ақлу мол.
К-ў ба таърихи Аҷам зад молу ҳол.
Бўалӣ Сино аз ў аблаҳтар аст
Дар шикофи қаъри гил то ахтар аст.
Ақле аз Хайём ҷустан ҳайфи муфт,
Суннати Зардуштро дар ҷон нуҳуфт.
Сўи Форобиву Берунӣ мағел,
К-ақли онҳо буд гарди нўги бел.
Кай пашизе ақл дар Аттор буд,
Дар гурез аз халқ андар ғор буд?
Ақл сўи Мавлавӣ кай рўй тофт,
К-ў бурунро не, дарунро мешикофт?
Ҳофизи Шероз ҳам беақл буд,
Гарчи далқе дошт раҳни май намуд.
Паскале, ки кампаютар зод ў,
Дошт андар сар ба ғайри бод ў?
Олиме, к-ў ихтирои барқ кард,
Кай ҷунуну ақл аз ҳам фарқ кард?
Он ки мушакро ба гардун бол дод,
Кай ба сўйи ақл роғи дар кушод?
Пас ватандорист як ҳайҳойи пуч,
Неҳ Ватанро рўи раҳ бо пойи луч.
Ин ҷо ба маънои кашф.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё