Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДАР ҲОШИЯИ КИТОБИ РЕГИСТОНӢ
«МАСЪУД ВА ОЗОДӢ»

«Накўӣ мекуну дар Даҷла андоз
Ки эзид дар биёбонат диҳад боз».
Накўӣ дохтам дар Даҷла бисёр
Нарўид аз биёбонам ба ҷуз хор.
На як хори фиребу фитнаву ранг,
Ки хори теғи тезу ханҷару ҷанг.
Чунон реги таассуб зад биёбон,
Ки кўр афтод чашму чашмаи ҷон.
Куҷо то решаи худ раҳ бикобам,
Ба сар ғелад ями рег ар биёбам.
Биёбондав зи пушти зуҳди Маҷнун
Тафаккурҳои ҳезе ҳосил акнун.
Чи некў гуфт Саъдии расида,
Зи борон дар биёбон хас дамида…

КӢ ДОРАД АҚЛИ БЕШ?

Сарвареро мухбире дод ин суол
Ки: – «Туро, гўянд, афзун аст мол?»
Гуфт: – «Оре, ман, ки дорам ақли беш,
Давлате дорам ба қадри ақли хеш».
Ин аҷаб не, мухлисаш дар маҷлисе,
Он ҷавоби ў ба гардун зад басе.
Гуфт: – «Оре, ҳар ки ўро ақл нест,
Дар миёни халқ чун дарвеш зист».
Мамлакатро, пас, кишоварзони мо,
Ҷумла беақланду дар боди ҳаво,
Чун бирўёнанд дар фасле ду ҷав,
Нимаҷав кай мерасадшон ҷонгарав.

пешина
аз 186
навбатӣ