Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Риши ту сафед гашта чун бикри сурин,
Сўзок шуда мағзи ту аз фикри сурин.
Аз ғайбати занҳои сабук пур даҳанат,
Сар лек дами намоз ҳам зикри сурин
Ин дилназарон, ки шўҳраноз омадаанд,
Чун соқии тўй авомбоз омадаанд.
Аз наъраи ақли нар паноҳанд ба дил,
Бар тир зи гул сипартироз омадаанд.
То мағзи сарам маҳбаси бе дар шудааст,
Андар даҳанам забон ғалатпар шудааст.
Бесамчии ағбаи Ватан мегўяд:
Қурбонии ман зи мағзи ту ҷар шудааст.
Инон ки набурданд раҳи тораи мағз,
Шинанд ба зини лаб чу бар бораи мағз.
Дамкўтаҳи ағбаи забонанд ҳама,
Тар карда зи шалпарӣ ба шалвораи мағз.
Муслим ҳама бад ба бутпараст афшон аст,
Ҳам аҳли Масеҳ варош кофирхон аст.
З-ин куфр, ки мекунад зи нафс аҳли китоб,
Зартушту Киришнаву Худо ҳайрон аст.
Ҷамъе ба камини дин ҳавасмурда зи тарс,
Бархе ба камини кин магасхўрда зи тарс.
Хайле ба паси камон камингир зи тарс...
Инсон ба каминзор нафас бурда зи тарс.
Қавмат садаҳо пайи суханмурда шуданд,
Аз пушти суханмурда куҷо бурда шуданд,
Чун ҷоми ту кас майи худиро нагирифт,
Борида чу абрҳо заминхўрда шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё