Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа
Бунёдравӣ на бех андохтан аст,
Худро ба фарози рўз афрохтан аст.
Гар мурд чароғи роҳи ояндаи дур,
Бар истгаҳи барқ нигаҳ дохтан аст.
Дарёи ҳаёт лабзанон дар назарам,
Гирдоби зиёди фалсафа менигарам.
Ҳар гирдобе ба сўи худ наъра занад,
Мебинаму медарояму мегузарам.
Ақле, ки фурў зи дин бувад, ақл куҷост,
Дине, ки кушад ақл, куҷо дини худост.
Ақли паси дин гадо сари хони риёст,
Дини паси ақл чун худо ҳастизост.
Он гул, ки зи сўи ту ба сўи ту шукуфт,
Аз бўи ту омаду ба бўи ту шукуфт.
Аз хуни муҳаббатам ба худ ранге зад,
То ҳамчу арўси ту ба тўи ту шукуфт.
Ин ёри никоҳии фалак хор шудаст,
Аз хўрдани тифл пиру бемор шудаст.
Аз шавҳари худ ҳеҷ зан ин ҷабр надид,
Дилмондаи шў ба ишқи ман зор шудаст.
Бо лола бигуфтам, ки туро нола хуш аст?
Аз умри дурўза нола ҳарсола хуш аст?
Хандид: – Чӣ хас мурдаи худро нашинохт,
Шодам, ки ҳаям, дигар кӣ аз лола хуш аст.
Аз Балх ба ҷуз нур чӣ омад берун,
Мансур аз ин нур гумон зад берун.
Розе, ки нуҳуфтанд ҳама сўфии Шарқ,
Кай буд аз ин рози забарҷад берун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё