Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сад шукр ба Яздон, ки расидем равонӣ, Аз гўркашонӣ тарафи нуркашонӣ.
Чун модари шаб духтари хуршед бизояд, Дар нур бигирад ду ҷаҳон ошиқи ҷонӣ.
Аз нур диҳам об дигар хоки Ватанро То нияти Яздон шунавад боди хазонӣ.
Дар худ зи худоӣ асаре чунки надидем Рафтем ба даргоҳи Худо синадаронӣ.
Аз боди дарун доди бурун рафт сари бод, Бин лўъбатии халқ ту бе илми ҷаҳонӣ.
Гар дасти ҳунар шонаи парвоз насозӣ, Осуда куҷо сўи Худо дил бикашонӣ.
Чашме, ки ба ваҳдат нигарад чашмаи нур аст, Чашме, ки набинад, қафаси зулмати сонӣ.
1997

Шарбати ишқ медавад дар бадани ниҳоли ман,
Ноки чароғ мепазад сар-сари сими доли ман.
Решаи нур мемакад хоки сиёҳи доғи дил,
Нори ҷигар нишонаи чашми хурўси соли ман.
Чилчилаҳои шабнами шеър ба сабзаи савоб,
Гиряи зарди тирамаҳ барги кафи ваболи ман.
Писта ба писта медиҳад мағзи чаҳори зиндагӣ,
Ҳулба ба нозбў чалад сўи суроғи ҳоли ман.
Хоки маҳи фалак нахўрд оби ҳаёти хоки мо,
Харбузаи биҳишт хўрд хоки замини оли ман.
Хирмани себи бўсаро чидаӣ дар музояда
Ғунчаи ноф мезанад мўҳр ба боли моли ман.


Пўшидатар зи ман нест имрўз дар тафаккур,
Хуршед шамъи хираст худсўз дар тафаккур.
Нори забони дил гар деги фалак бибўсад,
Кай бинад оби ҳайрат як сўз дар тафаккур,
Оташкашон расиданд ин ишқҳо зи шаш сў,
Як кўҳнаханда рў зад аз пўз дар тафаккур

пешина
аз 186
навбатӣ