Зеҳн
Ҷоми Симурғ

Зиё Абдулло 10.12.1948 дар ноҳияи Қубодиён таваллуд ёфтааст. Маҷмўаи шеъру достонҳояш бо номҳои «Кафи хок» (1982), «Дарё» (1985), «Ҳамдарди хуршед» (Тарҷума ба русӣ, Маскав, 1988), «Фурўғ» (1990), «Лоластон» (се достон, 2003) «Лонаи урёни арвоҳ» (романи манзум (2003), «Бодгиреҳ » (2006) ба чоп расидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 186 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Меҳмони Худо на дер пояд ба замин,
Дидем ҳама ба Тоҷикистони баҳор.


Эй ишқҳо ҳайрон шуда дар пайкари ишқи шумо,
Рўида тўфонҳои гул дар дафтари ишқи шумо.
Эй нози рози ду ҷаҳон аз нури ҳуснат сояе,
Ин осмон як чашми во то чодари ишқи шумо.
Дар кўю майдони сара хунбозҳоро пайкара,
Як пайкара дар ишқ ку ҷуз пайкари ишқи шумо.
Маҳ болиши ман мешавад, дарё сабозан мешавад
Девору дар зан мешавад дар кишвари ишқи шумо.
Дар хонаи андоми ноз гўгирдзан ишқи маҷоз,
Дунё ҳама оташнавоз чун модари ишқи шумо,
Зартуштро сўи даре, хуршед агар шуд минбаре,
Ҷон минбари дил мешавад сўи дари ишқи шумо.


То кўҳи дилат зиёда рафтам,
Ҳампойи дили пиёда рафтам.
Аз хора ба хор хун чакидаш
Як нома туро кушода рафтам.
Дар нола зад ақли буздил аз тарс
Як пора ҷигар ниҳода рафтам.
Аз шишаи ишқ қул-қуле хест,
Бар ҷоми дилам чу бода рафтам.
Бо кўҳнаварди ҷоми каф пур
То чашми ситора ҷода рафтам.
Як ҷуръа нарехт дар гулўям
Ҳампойи бахили сода рафтам.
Зад шарбати ишқ аз лабат ҷўш,
Бар шаршара сина дода рафтам.
Дар шаршара кист лона монад?
Дил монд, ки ман фитода рафтам.

пешина
аз 186
навбатӣ