Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Баҳманёр Арабзода Аминӣ 15-уми июли соли 1954 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд чашм ба олам кушодааст.
Падару модараш деҳқони одӣ буданд. Мактаби миёнаро дар ҳамин шаҳр ба итмом расонида, соли 1972 донишҷӯи бахши арабии факултаи Ховаршиносии Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон мегардад.
Пас аз хатми донишгоҳ соли 1977 ба унвони муҳандиси тарҳрез инженер-методист дар Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба кинематография машғули кор шуд.
Соли 1981 ба рӯзномаи навтаъсиси «Маданияти Тоҷикистон» ҳамчун рӯзноманигори бахши ҳунар ба кор даъват гардид.
Аз соли 1983 то соли 1985 дар Либиё ба сифати тарҷумон аз русӣ ба арабӣ ва аз арабӣ ба русӣ адои хидмати ҳарбӣ намуд. Пас аз бозгашт ба Ватан боз дар рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», ки ба ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»
табдили ном карда буд, корро идома дод.
Аз соли 1987 то соли 1993 ба унвони мудири бахши насри моҳномаи «Садои шарқ» машғули кор буд.
Бо вуқӯъи воқеаҳои нохуш ночор ба зодгоҳаш баргашт.
Он ҷо сардабири рӯзномаи «Самандар» ва моҳномаи «Дайри муғон» таъйин гардид. Соли 1997 барои қиссаи «Заринаи Зарнигор», ки дар моҳномаи мазкур чор шуда буд, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ дониста шуд.
Ҳоло ҷонишини сардабири моҳномаи «Садои Шарқ» аст.
Маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номҳои «Ишқи сайёд» (1984), «Аспи обӣ» (1988), «Дуди ҳасрат» (1994), «Сармаддеҳ»
(2002) ба чоп расиданд. Соли 1991 мунтахаби ҳикояҳояш ба забони русӣ бо номи «Песень идущего ва «Согласие»-и шаҳри Маскав нӯҳ ҳикояи ӯро бо пешгуфтори Темур Зулфиқоров ба табъ расонид (соли 1995, №1).
Нахустин романаш бо номи «Шоҳаншоҳ» аввал дар моҳномаи «Садои Шарқ» баъд тариқи нашриёти «Истеъдод» манзури хонандагон гашт.

пешина
аз 34
навбатӣ