Олимон

Дар бистҷилдае, ки нашриёти «Маориф ва фарҳанг» ба ифтихори 20-солагии Истиқлолият чоп кард, як ҷилд ба ӯ ихтисос дошт.
Соли 2013 аз тариқи нашриёти «Адиб» китобҳояш «Шоҳаншоҳ» ва «Сармаддеҳ» дар як муҷаллад интишор ёфт, ки интиҳои сол комиссияи хосаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол-2013» донист, бо Дипломи дараҷаи аввал ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонид.
Соли 2014 ду китобаш, яке бо номи «Сармадеҳ» (китоби дуввум) ва «Турфаҳо» (Баргардон, тарҷума ва гирдоварӣ аз Баҳманёр) ба чоп расиданд. Китоби «Сармаддеҳ» бо номи «или были в Самарканде» дар тарҷимаи Хуршедаи Даврондухт бо забони қазоқӣ соли 2014 чоп шудааст.
Ҳикояҳояш ба бисёр забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.
Узви Иттиҳодияи нависандагони СССР аз соли 1987 аст.
Азимбои Хоҷамуҳаммад (1886-1944) дар Панҷакент дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар назди падар гирифта, дар синни чордаҳсолагӣ, баҳри идомаи таҳсил роҳи Бухороро пеш мегирад. Бештар дар мадрасаи Мири Араб ба омӯзиш машғул мешавад. Ҳамроҳи мулло Одинамуҳаммад ибни Абдуҷалили воругӣ, ки хеле босаводу хешзеҳн буд, унс мегирад, ҳамҳуҷра мешавад, то ки таълимро комилан азбар намояд. Ҳамин тавр ҳам мешавад.
Мувофиқи тартиботи мадрасавӣ дар панҷ соли охири таҳсил муҳассилин дар назди Шӯрои уламо имтиҳон месупоранд.
Дар рафти имтиҳот Қозӣ-ул-Қуззот ширкат меварзад то бидонад, ки захираи минбаъдаи дарборро киҳо бояд пурра бикунанд ва унвонҳои «даҳякхӯр», «раис», «муфтӣ», «қозӣ», «мударрис» насиби чӣ касоне хоҳад шуд?
Хулласи калом, баъди имтиҳони панҷсола дар тавзеҳи номи Азимбои Хоҷамуҳаммад «Фақеҳ», «Қозии муносиб»
(аз қозиҳои ибтидоӣ боло, ба дараҷаи вилоятии имрӯза) ва дар рӯбарӯи номи Одинамуҳаммад – «Мавлоно», «мударрис» сабт мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё