Олимон

Соли 2007 «Мунтахаби назму наср»-аш чоп шуд. (Нашриёти «Ҳумо»). Аз рӯйи повести ӯ «Ду овора» дар студияи телевизиони «Сафина»
филме таҳия гардида буд.(Коргардон Муҳаммадрабӣ Исроилов).
Бо ҳамдастии донишманди адабиёт Ҳасани Ёрзод маҷмӯаҳои «Ориёнома» (иборат аз 2 ҷилд, нашриёти «Рафи граф», 2006), «Зи Шоҳнома гетӣ биоростааст» (нашриёти «Ҳумо» 2006), ва «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй»-ро (нашриёти «Эҷод» 2008) тартиб дода ба нашр расондааст.
Зарафшонфар ба тарҷумонӣ ҳам даст дошт. Аз ашъори шоирони рус, белорус, олмонӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ, чечен, ҷопонӣ, турк, чинӣ ва ғайраҳо аз русӣ ба тоҷикӣ гардонида шудаанд. Ҳамчунин тарҷумаи романҳои нависандазани англис Шарлота Бронте «Ҷен Эйр», нависандагони фаронсавӣ Ги де Мопассан «Дӯсти дилнавоз», Эмил Золя «Саҳифаи муҳаббат», повестҳои нависандагони рус Иван Тургенев «Обхези найсон», Александр Куприн «Дастбонаи ақиқнигин», нависандаи Шведӣ Пер Лагервист «Мариамна»
ба қалами ӯ мансуб аст. Зарафшонфар ба оҳангсозӣ ва сарояндагӣ ҳам шуғл дошт. Албоми сурудҳояш «Тоза ба тоза, нав ба нав» ба мухлисони созу суруд маълуманд. Ин фарди сермаҳсул аз соли 1996 ин ҷониб аъзои Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, сазовори «Аълочии Фарҳанги Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаҳои соҳавӣ қадрдонӣ карда шудааст.
Сорбон (Ҳамроев Облоқул) соли 1940 дар деҳаи хушманзараи Амондара, дар оилаи деҳқони колхозӣ ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби деҳа соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент ва соли 1963 Донишгоҳи давлатии шаҳри Душанберо хатм намудааст, филолог. Чанд муддат дар кафедраи забони ҳамин махзани дониш кор кардааст. Баъд муҳаррири барномаҳои адабии радиои Тоҷикистон, муҳаррири калони нашриёти «Ирфон» будааст.
Солҳои зиёд дар нашриёти «Маориф» фаъолият дошт. Аз ин кор пештар чанд муддат корманди рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» ҳам будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё