Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоми сарашро ба болини марг гузоштан гуфта буд:
«Беҳтарин ганҷе, ки гум кардам, модар будааст».
Аз Сармад мероси гаронбаҳои адабӣ ба ёдгор монд. Пас аз маргаш китоби дигари ӯ бо номи «Ашки шафақ» ба нашр расид. Фарзандонаш куллиёти ӯро ба нашр расониданд.
Ба хотири абадӣ гардонидани хотираи шоир дар зодгоҳаш мактабе, ки хонда буд, ба номаш гузошта, дар саҳни он нимпайкараи ӯро сохтанд.

Салими Зарафшонфар 5 августи соли 1963 дар шаҳри Панҷакент, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 1980 мактаби миёнаи №6, ба номи Абдусалом Деҳотӣ, шаҳраки Колхозчиёнро ба итмом расонидааст. Баъди хатми он як сол дар совхози ниҳолпарварии шаҳри Панҷакент кор кард.
Солҳои 1982-1984 Салими Зарафшонфар дар хидмати ҳарбӣ буд. Чанд сол дар колхози «Зарафшон»-и ноҳияи Панҷакент ба сифати кишоварз фаъолият намудааст.
Зарафшонфар соли 1988 ба Душанбе меояд. Охири соли 1989 дар нашриёти «Ирфон» ҳамчун мусаҳҳеҳ, аз моҳи майи соли 1992 то сентябри соли 1993 котиби масъули маҷаллаи тиббии «Шифо». Аз он пас то моҳи феврали соли 1994 муҳаррири идораи барномаҳои адабӣ драммавии Радиои тоҷик. Аз феврали ҳамон сол то октябри соли 1999 корманди маҷаллаи «Истиқбол»-и Вазорати фарҳанг, корманди рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ба сифати котиби масъул, ходими адабии маҷаллаи «Фирӯза», муҳаррири ООО «Деваштич», муҳаррири КДММ «Ҳумо», муҳаррири нашриёти «Эҷод», тарҷумони ҳафтаномаи «Муҳаббат», ходими адабии маҷаллаи «Истиқбол» будааст. Дар ин давр ӯ ба корҳои эҷодӣ низ машғул мешавад.
Соли 1990 нахустин маҷмӯаи шеърҳои Салими Зарафшонфар «Хунбаҳо» тариқи нашриёти «Адиб» ба табъ мерасад. Маҷмӯаи дуюми шеърҳояш «Сад най фиғон»-ро соли 2003 нашриёти «Деваштич» аз кор баровард.
Зарафшонфар дар ҷодаи наср низ қувва меозмояд, паёпай повестҳои ӯ «Зери заҳрханди Аҳриман» (нашриёти «Пайванд» соли 1994), «Ду овора» (Нашриёти «Истиқбол» 2008) дастраси ҳаводорони адабиёт гаштааст.

пешина
аз 34
навбатӣ