Олимон

Аз соли 1972 дар мактаби миёнаи №25 чун омӯзгор фаъолият намуда, дар КМ «Зарафшон» низ ифои вазифа мекунад.
Мақолаҳояш аз давраи мактабӣ нашр мешаванд.
Хабарнигори ҷамъиятӣ ҳам мебошад. Аввалин шеъраш соли 1984 дар рӯзномаи ҳаҷвии «Хорпуштак» чоп гардидааст.
Муаллифи маҷмӯаҳои «Чамани хаёл», «Гули меҳр», «Зарофарин», «Дили шикаста», «Аниси дилҳо», «Рӯзгори рангин», «Гулзори роз», «Кӯҳи моҳтоб», «Моҷарои Карбало», «Падидаи хаёл», «Афсонаҳои зиндагӣ», «Гулбонги андеша», «Раҳоварди Ҳиҷоз», «Сад сина олам дорам», «Лаззати нигоҳ», «Мо дар ду ҷаҳон толиби дидори Худоем», «Бо пайроҳаи нур», «Таронаи ишқ», «Як каф ғазал», «Саду як ғазал» ва ғайраҳо мебошад.
Соли 1999 ба узвияти Иттифоқи Нависандагон ва соли 2003 ба узвияти Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Аълочии маорифи Тоҷикистон буда, чанд маротиба депутати Шӯрои ноҳиявӣ интихоб гардидааст.
Исроил Исмоилов (1925-2012). Дар деҳаи Ғарибак (Озодагони имрӯза) ҷамоати Хурмӣ дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Дар қатори дигарон соли 1943 омӯзишгоҳро ба таври ғоибона имтиҳон супорида, диплом мегирад ва дар деҳаи Ғарибак ба касби омӯзгорӣ мепардозад. Дар як вақт котиби ташкилоти комсомолии колхози «Якуми Май» ҳам будааст. Азбаски хуб кор мекард, ӯро августи соли 1945 ба вазифаи котиби якуми комитети комсомолии ноҳияи Панҷакент пешбарӣ мекунанд. Ӯ дар ин вазифа то августи соли 1947 кор карда, баъд барои таҳсил ба мактаби марказии комсомолии назди КМ ВЛКСМ фиристода мешавад.
Баъди хатми мактаб И.Исмоилов ба Сталинобод (Душанбе) баргашта, дар КМ ЛКСМ Тоҷикистон дар вазифаи муовини мудири шуъбаи кор бо мактаббачагон ба кор мепардозад.
Солҳои 1954-1957 ӯ дар системаи маорифи шаҳри Душанбе чун инспектор, мудири шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият намудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё