Зеҳн
Олимон

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 34 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

қадр шудааст. Ӯ ҳангоми дар рӯзномаҳо ва ба корҳои эҷодӣ машғул будан, шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Дорандаи медали ВДНХ, Грамотаи фахрии Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, медал «Барои меҳнати шуҷоатнок» низ мебошад. Мактаби миёнаи деҳаи Озодагон №31 ба номи ӯ гузошта шудааст. Насриддинов фарзандони баркамол тарбия намуда, сазовори обрӯю эътибюори умум гардида буд. Оромгоҳи ин марди наҷиб дар қабристони умумии деҳаи Озодагон аст.

Давлатшоҳи Тоҳирӣ соли 1947 дар деҳаи Кӯктоши ноҳияи Панҷакент дар оилаи зиёӣ, ба дунё омадааст.
Хатмкардаи мактаби асосии деҳа ва омӯзишгоҳи омӯзгорӣ буда, бахши филологияи Донишгоҳи Самарқандро ба итмом расонидааст. Чанд муддат дар мактабҳот ба омӯзгорӣ машғул шуда, сардори хадамоти сайёҳию экскурсионӣ ҳам буд. Солҳои 1990-1995 муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, солҳои 1995-2003 омӯзгори омӯзишгоҳи шаҳр ва аз соли 2003 инҷониб муаллими Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент. Ӯ аз соли 1994 узви Иттифоқи Нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Қиссаву достонҳои зер ба қалами ӯ тааллуқ доранд:
«Деваштич» (1987), «Ситораи Рӯдак» (1977(, «Бунафшаи Зарафшон» (1994), «Дуъои модар» (1995), «Меванча»
(200?), «Таронаҳои Панҷакент» (2008), «Зардонаҳои Зарафшон» (2007), «Дили Бедил» (2006), «Бузургмард» (2008), «Ишқи Шаҳбону» (2010), «Рӯдакӣ дар Панҷакент» (2010), «Ҳазрати Одам» (2011) ва романҳои таърихии «Рухшона», «Олӣ Сомон» ва «Спитамон-Рухшона-Искандар» – солҳои 1999, 2011, 2012 дар нашриёти «Адиб»-и шаҳри Душанбе ба табъу нашр расидаанд, ки ба қалами ин нависандаи хушсалиқа мансубанд.

Исмоил Зарифӣ соли 1955 дар деҳаи Косатарошони шаҳри панҷакент ба дунё омадааст. Зодаи деҳқони колхозӣ, мактаби 8-солаи деҳаашро хатм карда буд.
Соли 1982 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе, ба номи Т.Г.Шевченкоро бо ихтисоси филолог хатм кардааст.

пешина
аз 34
навбатӣ