Олимон

Баҳринисо Бобомуродова соли 1948 дар шаҳри Панҷакент, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Хатмкардаи соли 1964, мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 3 ба номи Н.К.Крупская (ҳоло ба номи Набиҷон Каримов)-и шаҳри Панҷакент. Баъди гирифтани номаи камол Баҳринисо ҳуҷҷатҳояшро ба Университети Давлатии ба номи В.И.Ленин, шаҳри Душанбе, ба факултаи иқтисодиёт месупорад. Онро соли 1968 бомуваффақият хатм намуда, ба кор мепардозад. Солҳои 1968-1983 корманди илмии Институти иқтисодиёти АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1983-1989 дар шуъбаи тоҷикистонии Институти иқтисодиёти меҳнатии Москва, солҳои 1989-1993 дар вазифаи ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ (ҳоло «Ҷумҳурият») ва солҳои 1993-1995 ба ҳайси ҷонишини муҳаррири маҷаллаи «Шифо» ифои вазифа мекунад. Бобомуродова Б.
баробари ҳамаи ин қаламкаши хушсалиқа ҳам ҳаст.
Чакидаҳои хомаи ӯ, аз қабили «Барги шукуфа» (1987), «Гули сабр» (1996) ва дар маҷмӯаҳои дастҷамъона ба чоп расидаанд. Мавзӯи шеърҳои ӯ васфи Ватан, модар, ваҳдат, ишқи пок, васфи рафоқат, сулҳу якдилӣ ва монанди инҳоро дар бар мегиранд.
Баҳринисо Бобомуродова аз соли 1998 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз соли 1999 узви ИН Тоҷикистон мебошад.
Меҳринисо Бобобекова соли 1949 дар оилаи хизматчӣ
чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Хатмкардаи мактаби
миёнаи №3 шаҳри Панҷакент. Факултаи филологияи
Университети давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонида,
аввал ба кори омӯзгорӣ, дар мактаби миёнаи №41-и шаҳри
Душанбе машғул мешавад. Чанд муддат ходими хурди илмии Институти Шарқшиносии Тоҷикистон буд. Солҳои зиёд вазифаи мудири шуъбаи маҷаллаи бонувони ҷумҳурӣ
«Фирӯза»-ро ба ӯҳда дошт. Меҳринисо Бобобекова инчунин
дар Комитети кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат фаъолият намуда, аз он
ҷо ба нафақаи миннусолӣ (соли 2009) баромада буд. Вай эҷодкор, шоираи хушкалом буда, узви Иттифоқи Нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё