Олимон

Факултаи журналистикаи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст (соли 1970).
Вай курси олии сенариянависӣ ва коргардонии Москваро низ хонда, ба итмом расонидааст (с. 1987). Солҳои 1970- 1988 муҳаррири калони адабӣ-драммавии Комитети радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар идораҳои рӯзномаҳои «Пионер» ва «Комсомоли Тоҷикистон» низ кор кардааст. Инчунин дар сохтмони иншоотҳои азими ҷумҳурӣ, аз қабили сохтмони Норак, Вахшу Ёвон, пойгоҳи бостоншиносии Панҷакент баҳри омӯхтани ҳаёт ва шиносоӣ ба тарзи кору зисти мардум борҳо ширкат варзида, доир ба рӯзгори коргарони он асарҳо эҷод намудааст.
Аз соли 1983 аъзои ИН СССР. Аввалин маҷмӯаи ӯ соли 1978 бо номи «Обхез» интишор шуда буд. Инчунин повестҳои «Аспи охирин» (1982), «Муҳаббат ва ҷавонмардӣ» (1984), қиссаи «Рӯзгори соҳибдилон» (1985) дар ҳаммуаллифӣ бо О. Латифӣ, маҷмӯаи «Интизорӣ»
(1986), сенарияҳои филми бадеии «Дӯстонро намефурӯшанд» (1984), «Марди мутааллиқи ду зан», филми ҳуҷҷатии «Низоми садсола» (1985) ба қалами ин нависандаи хушзавқ тааллуқ дорад. Бисёр китобу сенарияҳои дигар маҳсули қалами Абдурофеъ Рабиев ба шумор мераванд. Ду маҷмӯаи ӯ бо номҳои «Когда ушёл дорбоз» (М. 1985) ва «Тигровое ушелье» (М. 1987) ба забони русӣ ба табъ расидаанд. Бисёр асарҳои Рабизода ба забони халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, англисӣ, чехӣ, полякӣ, фаронсавӣ, булғорӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва ғайра тарҷума ва чоп шудаанд.
Хизматҳои нависанда бо мукофотҳои гуногуни давлатӣ, соҳавӣ ва хориҷӣ қадр карда шудаанд. Фарзандаш, шодравон Шамсия низ аз паси падараш рафт, нависанда шуд.
Китобҳои ӯ «Дар соҳили зиндагӣ», «Аз хокдон то кайҳон», «Фоҷиаи рудбори зиндагӣ», тарҷумаҳояш аз русӣ ба тоҷикӣ:
«Зиндагиномаи Халифа Ҳасан», «Водии бахт» ва дигарҳо бо забони фасеҳу малеҳ нашр гардида буданд. Афсӯс, ки Шамсия ин ҷаҳонро хеле барвақт падруд гуфта буд. Китобҳояш ёдгор монд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё