Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
«Мерган»
(Мазмун аз латифаи халқӣ)
Шабе аз шабҳои тор Як дузди зӯри айёр Дар ҳавлии Афандӣ, Дар як ҷои баландӣ.
Наҷунбида меистод, Афандӣ кард фарёд:
—Занак, камонро биёр, То нагурезад айёр.
Зан камон оварда дод, Афандӣ тир бикшод.
Дузд фитод аз пояш, Мурда бишуд дар ҷояш.
Афандӣ шоду хушҳол Муоина кард аҳвол.
«Дузд»-е, ки чун мурда шуд, Ҷомаи шустааш буд.
Афандӣ ба зан гуфто:
—Эй зан, шукрона намо.
Ки бо чунин ҳангома Будам агар ба ҷома, Ҷудо мегаштӣ аз шӯ, Мемурд Афандии ту.
Забонгумкарда
Агарчи ӯ табиби мардумон аст,
Табобат мекунад дарди ҳар инсон.
Забони модариаш гум намудаст,
Варо бояд табобат кард, ёрон.
Мудири сар-сарӣ
Турфа кору бор дорад ин мудир,
Сар-сарӣ рафтор дорад ин мудир.
Бо ду-се ҳамкосаи худ рӯзу шаб
Кайфаки бисёр дорад ин мудир.
Дар утоқаш кай ту мебинӣ варо,
Сайри ҳар бозор дорад ин мудир.
Гар касеро айб ёронаш кунанд,
Часпиши чун хор дорад ин мудир.
Аз фиребу фитнаҳои нав ба нав
Ҳамчу ғундал тор дорад ин мудир.
То набинад рӯи корафтодае,
Рӯй бар девор дорад ин мудир.
Аз забонаш дар сухан борида заҳр,
Табъу феъли мор дорад ин мудир.
Гар биёӣ баҳри коре назди ӯ,
Аз шунидан ор дорад ин мудир.
Пишакашро «пишт» гуфтан норавост,
Пуштибон-ғамхор дорад ин мудир.
Шикояти говҳо
(Аз забони говҳои безабон)
Эй мудирҷон, рангу рӯи мо хазон чун коҳ шуд,
Ҳар яке аз насламон дар зиндагӣ гумроҳ шуд.
Коҳу беда мисли андоми ту шуд бас камнамо,
Кай ту мегирӣ хабар аз зиндагию ҳоли мо?
Чун ба вақти каҳдарав бошӣ канори Ховалинг,
Мекунӣ роҳат ба зери чилчанори Ховалинг.
Тоқиатро монда каҷ бо ҷӯраҳо сӯҳбат кунӣ,
Гардани мо каҷ бувад ин ҷою ту савлат кунӣ.
Бештар аз шири модар шири моро хӯрдаӣ,
Лек чун фарзанди ношуд ҷони мо озурдаӣ.
Чорасози ҳоли мо гар ту нагардӣ, эй мудир,
Рӯзгори ту шавад рӯзе чу ҳоли мо ҷазир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё