Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Чизи даркорӣ
Як чиз будам харидор,
Дина рафтам ба бозор.
Савдогар, ки маро дид,
Дар куртааш нағунҷид.
Ину онро нишон дод,
«Хуш омадӣ»—гуфт устод.
Акнун сӯматро барор,
Аз пешам накун фирор.
Ман ҳамаи чиз дорам,
То каҳу қумиз дорам.
Нарху навошон баланд,
Вале онҳо меарзанд.
Гуфтам:—Чизи даркорӣ
Афсӯс, ки надорӣ.
Рангу рӯи савдогар
Беҷо шуду аз дигар
Гуфто, ки:—Чӣ надорам,
Бигӯ, онро биёрам!?
Гуфтам, ки чун деви Қоф
Надорӣ адлу инсоф.
Гумон набаред
(Назира ба шеъри устод М. Миршакар)
Гумон набаред,
Ки ҳушёр астам.
Ана мебинед
Шиша дар дастам.
Бо ин шишаам
Ғамро мерӯбам.
Касе пеш ояд,
Ӯро мекӯбам.
Бо пули дуздӣ
Давам ба бозор.
Бинӯшам арақ,
Ғуррам бабарвор.
Вақти занозан
Ҷоғи ман шикаст.
Аз одати бад
Афтодам ба даст.
Бовар накунед,
Аз пулис пурсед.
Парванда бикшод,
Манро ҷазо дод.
Мӯҳмала
Зи бод омадаму мисрае задам бар каф,
Дар осмони дарахтон ғазал навишт алаф.
Биё, биё, ки дар он ҷо баҳор хӯрд туро,
Агар наоӣ, кабӯтар шавад даруни садаф.
Чи мурдаҳо, ки ба девори шом сабз шуда,
Чунон ки хоки сияҳ ёфт аз виқор талаф.
Наметавон ҳама ҷо галстуки дарё шуд,
Чу моҳиён, ки бигиранд таблакони салаф.
Касе ки маънии ин шеърро кунад пайдо,
Бувад бузургтарин одамӣ ба даври халаф.
Шеъри ҷогаҳӣ
—Шеъри ҷогаҳӣ дорам,
Ҳозир мехонам ҳамон.
—Шеърат ҷогаҳӣ бошад,
Даруни ҷогаҳ бихон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё