Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Донаи сарпеч
(Навҳаи бобои Латиф дар вафоти писари
ҷавонмаргаш Ҳафиз)
Сӯхт барқи гузарат мазрааи сабзи равон,
Ончунон оташаки тез, ки сӯзад каҳу дон.
Шуълаи чашм будиву зи назар дур шудӣ,
Тор дунё ба нигоҳам масали гӯр шудӣ.
Кафтари бахт ба теғи аламам пора кунам,
Бо ҳама чора ғаматро натавон чора кунам.
Ту зи ман рафтаву бо марг ҳамоғӯш шудӣ,
Ғоиб аз пеши падар ҳамчу Сиёвуш шудӣ.
Ҷоми шодиву сурур аз кафам афтоду шикаст,
Чуғд омад, ба лаби боми муродам бинишаст.
Мисли он донаи норустаи сарпеч манам,
Бе тамошои ҷамоли ту кунун ҳеҷ манам.
Луқма ҳам талхтар аз талха бувад дар даҳанам,
Ҷунбиши набз шуда раъшаи пиронатанам.
Осмон гашт пуру бар сари бечораи ман,
Натавон дӯхт касе синаи садпораи ман.
Мисли як донаи норустаи сарпеч шудам,
Бе ту, эй ҳосили гумгаштаи ман, ҳеҷ шудам.
17.04.2000.
Пинҳоншавак
(Ба ёди ҷӯраи бачагиям Абдуҳалим)
Борҳо дар бозии пинҳоншавак пайдо шудӣ,
Лек ҳоло ҷовидон ғоиб зи чашми мо шудӣ.
Алвидоъ, эй ҷӯраи даври шубобам, алвидоъ,
Алвидоъ, эй ҷӯраи ҳозирҷавобам, алвидоъ.
25.12.1990.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё