Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Гирднофӣ
Кашида нолаву фарёд дарё,
Чи номавзун
Сарашро мезанад аз санг бар санг.
Зи печутоб
Намудам дарк дардашро.
Чи дарде?—
Гирднофӣ.
Табобат то кунад ӯро,
Бибояд нофбардории мири об.
Печопеч
Гарчи бисёр аст шеър,
Мисраи печидаи зулфи ту бар ҷонам занад.
Турнаҳои ёдҳои умри рафта
Боз омад
Навбаҳори сабздомон.
Дар хаёлам
Бахти ман чун дар ҷавонӣ
Мекунад аз нав арӯсӣ.
Мурғи табъам мекунад парвоз имрӯз
Дар ҳавои орзуҳо.
Мекашам исторамаъниҳо ба тори мисраам,
Мезанам худро ба баҳри ҷустуҷӯҳо.
Офтоби зарфишон бо сӯзани нур,
Ҳамчунин бо риштаборон
Ҷомаи дашту даманро
Мекунад гулдӯзие.
Боди наврӯзӣ чу дасти дилбаре
Нарм-нармак сила месозад сарамро.
Корвони турнаҳои дар фазо бигзашта рафта
Гӯӣ мегӯяд ба ман:
Рӯзҳоят дар қатори турнаҳо рафт.
Ҷавоби чашма
— Чаро, эй чашма, бихрӯшӣ шабу рӯз Миёни кӯҳҳои сар ба боло?!
— Барои он хурӯшам ҳар шабу рӯз, Ки ҳастам зодаи кӯҳи тавоно.
Интиқом
Панҷаи гирои хуршед
Каштали сарди зимистонро гирифт.
Барфҳои сояхам
Пораи пероҳани чоки зимистонанд.
Қосиди сулҳ
(Ба устод Мирзо Турсунзода)
Бувад шаҳду шакар — гуфтори шоир,
Ба қимат чун гуҳар — гуфтори шоир.
Ҳақиқатро нишон дода бар олам,
Раҳомӯзи башар — гуфтори шоир.
Ҳазор асту ҳазор асту ҳазор аст,
Аз ин рӯ масти гулҳои баҳор аст.
Каломаш қувваи сад шер гирад,
Мисоли рӯди кӯҳӣ беқарор аст.
Чароғи шеъри ӯ бошад фурӯзон,
В-аз он пурнур роҳи сулҳҷӯён.
«Садои Осиё»-ву «Ҷони ширин»-ш
Ливои бахтро созад парафшон.
Либоси назмро нақшу нигор аст,
Навои сулҳу ваҳдатро дутор аст.
Гули уммедро хуршеди хандон,
Каси пурдардро бас ғамгусор аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё