Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фаввора 12

Дар масири орзуҳо
Ҳар қадар фаввора меафтад зи по,
Он қадар сар мекашад боло.

Фаввора 13

Гарчи дар тақлиди парранда
Болу пар фаввораҳо бикшодаанд,
Боли парвозӣ надоранд,
Зери по афтодаанд.

Фаввора 14

Дар ҳавои ошноиҳо
Сар бурун аз як гиребонанд.
Ҳар яке бо дигаре гардида мавзун,
Ҳамрадифи савти боронанд.
Якдиливу ҳамнавоиро
Бояд аз фаввораҳо омӯхт.

Фаввора 15

Чун хитоберо аломат
Ҳаст фаввора.
Медиҳад ҳушдор:
Охири ҳар як париданҳои ноҷоро
Сар бувад дар хок.

Фаввора 16

Дар шикаст
Он қадар ҳам ҳаст нозук
Оби фаввора,
Қалби шоир аст гӯё

Мешавад аз як каломи номувофиқ
Пора-пора.

Фаввора 17

Ваҳ, чи рӯҳафзост
Гӯш бар афсонаҳои дилкаши фаввораҳо додан.
Оҳ, дилгир аст
Чун ба гӯшат мерасад афсонаҳои раҳбарон.

Фаввора 18


Мисли Зебо
Рақси зебо кард фаввора.
Он қадар зебо, ки худ бар рақси худ гардида шайдо,
Об гашту бар замин рехт.

Фаввора 19

Гарчи гардад ёр бо одам парӣ,
Бо парии обии фаввораҳо
Ёр гаштам.

Фаввора 20

Рафтани рост арчи дар ҷода
Роҳи мақсуди ҷумла инсон аст.
Аз шикасте, ки ёфт фаввора,
Ояд ин байти Рӯдакӣ бар ёд:
«На ба охир ҳама бифарсояд,
Ҳар кӣ анҷом рост, фарсаданист».


Зебо – раққосаи тоҷик Зебо Аминзода дар назар аст.

пешина
аз 118
навбатӣ