Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Фаввора 21

Ҳавз бошад саҳнаи обӣ,
Бе дирижёр
Хор мехонанд ин фаввораҳо.

Қитъаҳо

Сард бозори хайру эҳсон гашт,
Аз риё ҳар чӣ гармбозор аст.
Гапшунав гӯш тухми анқо шуд,
Гӯши гапношунав чи бисёр аст.

Гоҳ-гоҳе зи ман ҳамепурсанд,
Ки зи моли ҷаҳон чиҳо дорам?
Табақи холии палав донад:
Мани бечора иштиҳо дорам.

Дару деворҳои донишгоҳ
Аз каламушу мушҳо бисёр.
То наоранд бар касе осеб,
Ҳамчу нон дом бибош, эй Ғаффор.

Шеър монанди озар асту аз ӯ
Нур гирад дили шабони тор.
Озар афрӯхтан тавону вале
Шеъри Озар немашавад такрор.

Ҳар касе ки дурӯғ мегӯяд,
Нест аз маҳрамони сӯҳбати мо.
Баски кардем ростӣ пеша,
Сарфарозӣ бувад ба қисмати мо.

ҒАЗАЛҲО

Намеравад

Хушгил бишав, ки бӯи хуш аз гил намеравад,
Маънии хуш зи мисраи комил намеравад.
Бо ман бирав ту дар раҳи пурпечи зиндагӣ,
Фарди бузург аз пайи ҷоҳил намеравад.
Дар ҳар рагам зи ҷунбиши меҳрат ҳароратест,
Нерӯи барқ бе хати ноқил намеравад.
Покиза дор оинаи дил зи чанги кин,
Аз шиша чанг меравад, аз дил намеравад.
Киштии орзуи маро раҳбалад туӣ,
Бе раҳбалад сафина ба соҳил намеравад.
Ту донаи умед ба мурғи дилам бидеҳ,
Мурғе ки хӯрд дона, зи манзил намеравад.
Оҳуи ишқи ман ҳадафи мили чашми туст,
Оҳу зи тир мераҳад, аз мил намеравад.
Бар деги маҳфилам чу алав гармие расон,
Гармӣ равад зи нор, зи маҳфил намеравад.

Лангари андеша

Хасу хори сари роҳам даруни ахгар андозам,
Сари савдоии худро ба пои дилбар андозам.
Нагирам домани андешаҳои пучи бебаркаш,
Чу паргоре равандамро ба даври меҳвар андозам.
Агарчи мекашам бар дӯш бори зиндагониро,
Гаҳи озурдагӣ ғамро ба дӯши модар андозам.
Чу Рустам бодпоямро зи дашти оштӣ ронда,
Ба фарқи душманони миллати худ ханҷар андозам.
Мисоли най кашам фарёд аз захми ҷудоиҳо,
Ҳарос аз шеванам дар синаи шохи тар андозам.
Занад то моҳии тилло ба тӯри орзуи ман,
Ба дарёи маонӣ ҳамчу киштӣ лангар андозам.

пешина
аз 118
навбатӣ