Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа
Фаввора 4
Тоҷ бар сар
Мезанад фаввора ҷӯш,
Миллати тоҷик пеши дида меояд.
К-аз азал бо рӯҳи қоим
Гоҳ аз боло ба пастӣ, гоҳ аз пастӣ ба боло рафт,
Лек тоҷашро нигаҳ дошт.
Фаввора 5
Гарчи меафтад ба поин
Қатра- қатра оби фаввора,
Ҳамшабеҳи ориёиҳо
Боз як ҷо мешаванд,
Боз эҳё мешаванд.
Фаввора 6
Рӯ ба парвозанд мушакҳои обӣ,
Соҳибэъҷозанд мушакҳои обӣ.
Фатҳ месозанд осон
Бемуҳобо
Коиноти синаҳоро.
Фаввора 7
Ҳавз монанди тарабхона
Аз навои шодмониву фараҳ лабрез.
Пешхизмат ҳаст фаввора,
Дар кафаш лаълии симин
Пур бувад аз меваи об,
Пур бувад аз меваи ноб.
Фаввора 8
Хилъати испед бар тан карда фаввора,
Ҳамчу сӯфӣ бо ҳаёҳу
То кунад пайваст худро бо Худо,
Мекунад рақси само.
Фаввора 9
Ҳамшабеҳи ҷомаиспедон
Ғайрати фаввораҳо дар ҷӯш.
Дар набард,
Дар шикасти лашкари гармо
Рост меистанд бо як по.
Фаввора 10
Бо ғурур ҳарчанд боло рафт фаввора,
Ҳеҷ донӣ ҳолаташ чун гашт?—
Зери по афтоду маҳзун гашт.
Фаввора 11
Ҳамчунон девоназан
Мӯйҳо паҳну парешон.
Дастҳои обияшро
Мезанад гаҳ бар замин, гаҳ осмон.
Дар хаёлам
Ӯ ҷигарбанди азизашро
Зи каф додаст андар ҷанги Гирмон.
Модари гумкардафарзанд аст фаввора.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё