Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шокир бишавад
(Ба овозхон Шокири Қодир)

Шахсе ки миёни халқ шоҳир бишавад,
Ҳам ҳофизу шеъргӯи моҳир бишавад,
Чун ҷавҳари шеъри шоирон гардад агар,
Хунёгари хушнаво чу Шокир бишавад.

Исмоили Сомонӣ

Фонуси маҳ ба шифти фалак хирасӯз буд,
Хуршеди субҳ, муждаи оғози рӯз буд.

Зан

Зан дарахти найшакар бошад,
Ҳар куҷояшро мазӣ,
Ҳаст ширину гуворо.

Фиребхӯрда

Гандумирангам,
Ҳамчунин ширинлиқо.
Лек чун гандум намехандам.
Гуфти Озар:
«Одам фиребхӯрдаи ширинист,
Беҳуда ханда дар лаби гандум нест».

Дилдода

Ҳаст гардун бар замин ошиқ, Рӯз не,
Шаб ниҳон аз чашми мардум Мезанад чашмак ба ӯ.

Байроқи ислом

Рӯшан бигӯям,
Сабзинарангам.
Байроқи ислом
Сабзинаранг аст.

Эътироф ва хиҷолат

Тавонам шеър гуфтанро
Ба тарзи шоирони рафтаю имрӯз, кун бовар.
Валекин нест осон гуфтанам шеъре
Ба тарзи Бедилу Озар.

Ҳасрат

Ҳуштаки боди зимистон, Улласи гургони гушна.
Мурғаки урёну ларзон Ҳасрати марги баҳори ғуррамаргеро Ба гӯши боғҳои хуфта мегӯяд.
15.11.1997.

Куҷоӣ?!

Аё, эй ёри ҷониям, куҷоӣ,
Аё, ёри ҷавониям, куҷоӣ.
Ту будию ҷаҳони шодии ман,
Аё, эй сӯзи сониям, куҷоӣ?!

Аё ҷону ҷаҳони ман, куҷоӣ,
Аё рӯҳу равони ман, куҷоӣ.
Дареғи он суханҳои нагуфта,
Аё тобу тавони ман, куҷоӣ?!

пешина
аз 118
навбатӣ