Зеҳн
Панҷаи овоз

Ғаффоралӣ Сафар аз шоирони базавқи тоҷик аст, ки болои маънӣ ва ҳунар меандешад. Умедворем, ки хонандагон бо ошноӣ аз шеърҳои ӯ тарбияти завқи хоси худ мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 6 октябри 2026 · 118 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва соҳилҳои хотирҳо пур аз гулҳои армонист.
Мисоли пахтаи бебаркаши ҷумҳурии тоҷик
Барои мухлисонат лутфу эҳсони ту арзонист.
Диле дорӣ, аё Шокир,
Гули вартоҷро монад.
Ба он сӯе ки хуршеди ҳақиқат раҳсипар бошад,
Ба он сӯ рӯ бигардонад.
Диле дорӣ, аё Шокир,
Чу оина аҷаб беғаш,
Аҷаб дилкаш.
Дар он нуру сафое аст,
Дар он меҳру вафое аст.
Набошад ҳам нишоне аз маҳалбозӣ дар он асло,
Баробар ҷумлаи тоҷик,
Бародар ҷумлаи тоҷик.

Кӯчат

Чун қаламча
Дар замини дил шинондам ишқро.
Медиҳам акнун зи ҷӯи дида обаш рӯзу шаб.

Баҳор

Кокулонаш ришта-ришта,
Сар ба по мисли фаришта.
Байти завқу шӯри дилро
Бар талу саҳро навишта
Навбаҳори тозарӯй омад.

Рӯдҳо чун қиссахонанд,
Бодҳо чун найнавозанд.
Гул ба меҳмонӣ биёяд,
Даштҳо оғӯши бозанд.
Навбаҳори тозарӯй омад.

Сози наврӯзист боло,
Табъи деҳқонист воло.
Оташи Зардушт бошад
Гулхани базму тамошо.
Навбаҳори тозарӯй омад.

Ҳафтшини шоирон
(Дар тӯи Искандари Комил)

****
Шеър асту Шаробу Шабу Шайдову Шабафрӯз,

  • *
    ШиринивуШарбат, ки бувад оини Наврӯз.

З…….нома
(Аз силсилаи «Муҳаббати беҷавоб»)

З…….о, З…….о, З…….,
Биёву оташи қалбам барафрӯз.
Бувад Наврӯз бе рӯят зимистон,
Зимистон аст бо рӯи ту Наврӯз.

З…….о, гуле хоҳам зи рӯят,
Чу обе роҳ мегирам ба ҷӯят.
Зи боди сарди ҳаҷрат бастаам ях,
Парешон хотирам монанди мӯят.

З…….о, куҷоиву кӯҷоӣ,
Чаро бегонахӯӣ, бевафоӣ.
Намепурсӣ маро, афсӯс, афсӯс,
Дареғ аз рӯзгори ошноӣ.


Ин ҳафт калимаи ишорашуда рамзианд: Шеър-Хайрандеш, Шароб-Озар, Шаб-Ғаффоралӣ Сафар, Шайдо-шоир Шайдо ,
Шабафрўз-Ашўрбӣ Солеҳова, ширинӣ-Раҷабалӣ Худоёрзода, Шарбат-Рустами Хомарахш.

пешина
аз 118
навбатӣ